«Made in Tajikistan»: кадом маҳсулоти ватанӣ метавонад бозорҳои ҷаҳониро фарогир бошад

Февраль 11, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон стандарти сифати зардолу ва гелоси тару тоза коркард шудааст. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») изҳор намуданд.

Хабар дода шуд, ки стандарт (сифат ва сертификатсия) барои гелосҳои тоҷикии «Гелос –FFV-13» ва зардолу («Зардолуи тару тоза») коркард шудааст. Мутахассисони агентӣ ба нақша гирифтаанд, ки моҳи марти соли равон сертификатсиякунонии сифати ин меваҳоро бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни конфронси видеоӣ  муҳокима намоянд. Ҳадаф аз ин кор танзими бидуни мамонияти содироти ин меваҳо ба давлатҳои гуногун, ба шумули кишварҳои Аврупо ва Осиё мебошад.

Инчунин дар Агентӣ ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки корҳои ҳамсон ҷиҳати коркарди стандарт барои ангур ва асали тоҷикӣ, ки сифати баланд доранд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, идома доранд.

Аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд, ки пештар стандарти сифат ва сертификатсияи меваҳои хушки тоҷикӣ — лимӯ, хурмо ва чормағз мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ коркард ва ҳифз шуда буд. Коркард ва ҳифзи стандарти меваҳои хушк 4 сол тӯл кашид. Сертификати меваҳои хушки Тоҷикистон дар Женева (Швейтсария) ҳифз карда шуд, бинобар ин маҳсулотро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо содир намудан мумкин аст.

«Акнун ин стандарт имкон медиҳад, ки содироти бидуни мамониати меваҳои хушки Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла кишварҳои Аврупо ташкил карда шавад. Ғайр аз ин, истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ метавонанд аз ин стандарт истифода баранд ва маҳсулоти худро содир кунанд», — илова карданд дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон.

Харидори асосии зардолу, гелос, лимӯ ва меваҳои хушки тоҷикӣ Россия мебошад.

Маҳсулоти Тоҷикистон дорои сифати баланд, маззаи хуб буда,  ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, содироти маҳсулоте, ки дар кишвари мо таҳти бренди «Made in Tajikistan» истеҳсол мешавад, афзоиш меёбад ва он ба бозорҳои ҷаҳонӣ торафт бештар бароварда мешавад. Далел он аст, ки чанде пеш бори аввал дар таърихи саноати хӯроквории кишвар маҳсулоти консервшудаи «Пиёзи анзур» ва «Ғӯраоб» (афшураи ангури нопухта) — ба ИМА, меваи хушки «Тут» — ба Туркия, нӯшокии «Хуч ва «Зардолу» — ба Литва, обҳои минералӣ ва нӯшокии «Хаватаг», «Оби Зулол» ва «Сиёма» — ба Озарбойҷон ва Аморати Муттаҳидаи Араб содир карда шуданд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 480 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд, ки дар онҳо беш аз даҳ ҳазор мутахассис кор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки стандартҳои сифати маҳсулоти ғизоӣ бо мақсади таъмини амнияти ҳадди ниҳоят баланди истеъмолкунандагон коркард мешаванд. Ин стандартҳо бояд бо таҳқиқот ва далелҳои илмӣ асоснок шуда бошанд. Онҳо барои ҳама истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон ва фурӯшандагони  маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатмӣ мебошанд. Маҳз ҳамин яке аз омилҳои асосие мебошад, ки ба паҳн ва татбиқи системаҳои сифати амнияти ғизоӣ равона мебошад.

                                                            АКСҲО аз бойгонӣ

Февраль 11, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид