Муҳриддин Низомӣ: Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон панҷ ихтисоси нав ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар факултаи режиссура, кино ва телевизион кафедраи нав бо номи технологияи кино ва телевизион бо ихтисосҳои «ВЕБ-журналистика», «PR-робита бо ҷомеа» ва «Кинооператор», «Бойгонӣ», «Кори ноширӣ» ва «Санъатшиносӣ» таъсис дода шуда, аз соли таҳсили оянда ба қабули донишҷӯён шурӯъ хоҳад кард.
Муҳриддин Низомӣ иброз намуд, ки фаъолияти илмии донишкада асосан дар заминаи илмҳои саъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, педагогика, ҷомеашиносӣ, журналистика, таърих, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва китобшиносӣ амалӣ мешавад. Илова бар ин, дар донишкада ба таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ барои гирифтани дараҷаҳои илмии унвонҷӯён, докторантон (доктор PhD) ва докторантон аз рӯйи рамзҳои 6D020400- фарҳангшиносӣ, 6D090600- фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, 6D041600 – санъатшиносӣ (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, хореография), 6D091000 – иттилоотӣ-китобдорӣ ва 6D050400 – журналистика таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар айни замон дар донишкада 2 лоиҳаи грантӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд ва 4 лоиҳа-мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.
Мавсуф иброз намуд, ки дар донишкада 86 нафар донишҷӯи хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили 2020-2021 ба донишкада барои таҳсил 30 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи шартномавӣ ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тариқи бурсия муроҷиат намуда, ба сафи донишҷӯён қабул гардиданд.
Ҳамчунин донишкада бо 28 донишгоҳу донишкадаҳои дигар кишварҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи он ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ мондааст.
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли гузашта бо филиали Донишкадаи санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар минтақаи Фарғона — шаҳри Қӯқанд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






