НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барқарор намудани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия дар авлавияти фаъолият қарор дорад

Февраль 15, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик парвозҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон  ба кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор гарданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки  бо мақсади ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки аз моҳи марти соли 2020 бар асари авҷи бемории сироятии COVID-19 муваққатан боздошта шуда буд, корбарӣ рафта истодааст. Номбурда зикр намуд, ки  дар ин самт мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо  ҳамтоёни хориҷии худ бо мақсади барқарор намудани парвозҳои мунтазам бо кишварҳои болозикр, ки аз шарикони асосии кишвари мо мебошанд, гуфтушунидҳо ба роҳ монда, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

-Хусусан барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар назди мақомоти авиатсионии Тоҷикистон мебошад, зеро ҳудуди 70 фоизи  парвозҳои ҳавоие, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии  Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, ба Федератсияи Россия рост меояд ва барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ  байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои кишвари мо хеле муҳим аст,- мегӯяд директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки  Россия парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор намудааст.

Зикр шуд, ки алҳол байни Тоҷикистон ва Россия танҳо парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон  ва ширкатҳои ҳавопаймоии  Россия сурат  мегиранд, ки онҳо  танҳо ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Россия ва Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Таъкид гардид, ки айни замон аз Тоҷикистон ба самти Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Туркиш Эйр», «Флай Дубай» ва «Ӯзбекистон ҳавоюларӣ» ба роҳ монда шудаанд, ки бозгӯи ба эътидол омадани вазъи эпидемикӣ дар кишварамон  мебошад.

Икром Субҳонзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти авиатсионии Тоҷикистон дар соли гузашта гуфт, ки соли 2020 барои корхонаҳои авиатсионии кишвар соли душвор буд, зеро  пандемияи Covid-19 дар тамоми соҳаҳо, хусусан бахши авиатсияи мамлакат таъсири манфӣ расонид.

Соли гузашта  аз чор фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон – фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб  ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ  парвозҳо анҷом доданд.  Вобаста ба иҷрои  парвозҳо ва таъйинот  дар хатсайрҳои дохилию  байналмилалӣ соли 2020 ба ширкатҳои байналмилалии ватанӣ  ҷиҳати иҷрои  парвозҳои хатсайрҳои  байналмилалӣ барои иҷрои 98 парвоз дар як ҳафта иҷозати парвоз дода шудааст, ки аз онҳо 31 парвоз ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва 67 парвоз ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  рост меояд.

Февраль 15, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд