НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Масъалаи хариду фурӯши замин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст

Февраль 8, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ “Ховар”/.  Имрӯз масъалаи истифода ва хариду фурӯши замин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст,- гуфт Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.

-Новобаста аз эродҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин чораҳои мушаххасе, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт пешбинӣ мегарданд, мутаассифона, содиршавии ин категория ҷиноятҳо дар ҷумҳурӣ кам нагардида истодаанд. Маҳз ҳамин ҳолат боиси нигаронии Сарвари давлат гардида, ҳам дар ироаи Паём ва ҳам дар маҷлиси ҷамъбастӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд,-  афзуд мавсуф.

Ба андешаи Шермуҳаммад Шоҳиён, пешгирӣ намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ  ва содиршавии ҷиноятҳо вобаста ба замин дар баробари дигар сохторҳо ба мақомоти судӣ низ дахл дорад.

Вақте ки дар анҷоми суд парвандаҳои мушаххас доир ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд ва шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, бояд ҷазои сазовор гирад. Барои пешгирӣ намудани содиршавии чунин ҷиноятҳо бояд аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ карда шаванд.

“Чунин ҳодисаҳо солҳои охир асосан дар ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои  атрофи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон бештар ҷой доранд. Вақте ки шахс ҳуҷчати ғайриқонунӣ қабул мекунаду дар натиҷа хариду фурӯши ғайриқонунии замин сурат мегирад, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Ин кори кардаи ӯ аз чашм дур намемонад. Зеро мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсия тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ин ки ҳама иштирокчиёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ сари вақт ошкор шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”,- иброз дошт Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.

Февраль 8, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд