ҶОМИ ФФТ-2021: Имрӯз «Равшан» бо «Мастчоҳ» ва КМВА бо «Истиқлол» байни ҳам бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 феврал, дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз мешаванд. Имсол мусобиқаи мазкур ҷашнӣ буда, бори 10-ум баргузор мегардад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, ҳафт дастаи беҳтарини марҳилаи минтақавии мусобиқа иштирок доранд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар гурӯҳи «А» дастаҳои КМВА-и Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва дар гурӯҳи «Б» дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода байни ҳам рақобат менамоянд.
Тибқи низомномаи баргузории Ҷоми ФФТ-2021, аз ҳар гурӯҳ ду дастагӣ ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоии мусобиқа 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барпо мегардад. Дар даври якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки 11 феврал шурӯъ мешавад, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ду бозии гурӯҳи «А» байни дастаҳои КМВА бо «Истиқлол» ва «Равшан» бо «Мастчоҳ» баргузор мешаванд.
Бозии дастаҳои гурӯҳи «Б» миёни дастаҳои футболи «Барқчӣ» ва «Хатлон» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир хоҳад шуд.








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






