«Ҷоми Рушд-2021». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 5:1 бар дастаи Молдова ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аъзои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии футболи «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск ҳамсолони худ аз дастаи Молдоваро бо ҳисоби 5:1 мағлуб намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввалини худ дар мусобиқаи «Ҷоми Рушд-2021» дар кишвари Беларус ҳамтоёни қазоқи худро бо ҳисоби 7:1 мағлуб карда буд.
Мусобиқаи байналмилалии ҷавонон «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск
Даври 2
3 феврал (чоршанбе)
14:00 ТОҶИКИСТОН (U-17) — Молдова (U-17) — 5:1
17:30 Беларус (U-17) — Қазоқистон (U-17)
Даври 3-юм
6 феврал (шанбе)
14:00 Молдова (U-17) — Қазоқистон (U-17)
17:30 Беларуссия (U-17) — ТОҶИКИСТОН (U-17)
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






