Оверчук: Россия омода аст содироти техника ва таҷҳизоти кишоварзиро ба Тоҷикистон густариш диҳад
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия омода аст, ки содироти техника ва таҷҳизотро барои бахши кишоварзии Тоҷикистон тавсеа диҳад. Тавре ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора муовини сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон изҳор доштааст.
«Муовини раиси ҳукумат омодагии ҷониби Россияро барои тавсеаи номгӯйи содироти теника ва таҷҳизоти муосири сермаҳсули кишоварзӣ бо ҷалби агентиҳои содиротии Россия ба лоиҳаҳои барномаҳои лизингӣ ва афзори муосир эълон кард», — хабар дода шудааст дар сомонаи Ҳукумати Россия дар ҷамъбасти маҷлисе, ки таҳти раёсати Оверчук ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Зикр шудааст, ки Федератсияи Россия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва дар 11 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои мутақобила 740,8 миллион долларро ташкил додааст.
Оверчук инчунин зарурати талошҳои минбаъдаро барои таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зикр кард, ки аз ҷумла, яке аз самтҳои ояндадор — соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. «Ширкатҳои IT -и Россия барои барқарор кардани робитаҳо бо ҷониби Тоҷикистон алоқаманданд ва омодаанд, ки пеш аз ҳама, дар соҳаҳои ҳукумати электронӣ, шаҳри ҳушманд ва бехатар, амнияти иттилоотӣ, инчунин дар соҳаҳои таҳсилоти фосилавии рақамӣ ва телемедитсина, ки дар шароити пандемия аҳамияти бештар касб менамоянд, пешниҳодҳои муосири худро пешкаш намоянд», — дарҷ шудаанд ин суханони ӯ дар сомонаи Девони вазирон.
Тарафҳо инчунин дар мавриди боздиди мутахассисони Роспотребнадзор аз Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд ва аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират зикр карданд.
Тавре АМИТ “Ховар” пештар хабар дода буд, 8-9 феврал дар Москва ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд. Дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва самтҳои дигар баррасӣ шуданд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






