Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин» аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон» оғоз мегардад

Февраль 14, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 14.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон  дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон эълон менамояд.       

Корманди Осорхонаи миллӣ Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки озмуни мазкур аз 15 феврал то 15 март баргузор гардида, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мешавад.

Тамоми шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд. Беҳтарин хонандаи ин шоҳасар муайян гардида, ғолибон бо мукофоти пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

Иштирокчиён метавонанд ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ-11 муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 227-15-08; 227-86-47

Февраль 14, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд