Сафаргул Бухориева: «Эътиқод, эътимод, дастгириҳои арзишманди Президенти Тоҷикистон нисбат ба занон онҳоро рӯҳбаланд менамояд»

Февраль 6, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 06.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ин навбат низ Паёми Президенти Тоҷикистон муждаву навидҳои тоза овард, зеро як  бахши он ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар сиёсати давлатӣ равона шудааст.  «То вақте ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам» — таъкид  намуданд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ирсоли  Паёми навбатиашон ба  Маҷлиси Олӣ, ки  26 январи соли равон сурат гирифт.  Чунин изҳори андеша намуд мудири шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргул БУХОРИЕВА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба иштироки занон дар корҳои давлатӣ чунин зикр гардид: «Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб ба 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд».

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Бар замми ин занон дар баробари мардон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо мақсади ҳифзи марзу буми кишвар адои хизмат намуда истодаанд. Ин ҳама дастовардҳо шаҳодат аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ташаббусҳои занон мебошад.

Мавсуф афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ бо дарбаргирии муҳимтарин масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардида, зимни он вазифаҳои аввалиндараҷа барои мамлакат таҳлил, баррасӣ ва пешниҳод карда мешаванд. Амалисозӣ ва рушди сиёсати иҷтимоии давлат дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бахши занон дар он мавқеи хосса дорад. Дар ин масир, дар баробари дастгирии дигар табақаҳои ҷомеа ба мавқеъ ва манзалати занон низ диққати махсус дода мешавад.

Бояд иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат, бахусус занонро хеле муҳим ва мубрам мешуморанд. Зеро дар ҷаҳони муосир бо таъсири ворид гардидани ҷаҳон ба глабализатсия ва пиёда сохтани ҳадафҳои абарқудраттарин давлатҳои дунё ба фазои беканори иттилоотӣ мавриди ҳамла қарор доштани кишварҳои рў ба тараққӣ муаммоҳои гуногуни давлатдорӣ ва давлатсозӣ ба миён овардааст.

Зиёда аз ин, ин раванд ба низоми сиёсии давлатҳо ва сарнагун сохтани ҳокимият таъсир мерасонад. Ҳодисаҳои чанд соли охир гувоҳи онанд, ки дар ҳалли масъалаҳои диниву мазҳабӣ ва озодихоҳӣ манфиатхоҳу манфиатҷўён тамоми имкониятро истифода намуда, қишрҳои осебпазири ҷомеа ва шахсони камсаводу бедонишро сарнагун менамоянд.

Дар асл ин равандҳо ба падидаҳои бунёдии инсонӣ, аз қабили озодии сухан, эътиқоди динӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ, амният ва арзишҳои миллӣ зарба зада, дар умум ҷомеа ва давлатро аз бунёдашон ба фурӯравӣ маҳкум менамоянд. Аз ин рў, зарурати мақсаднок ба роҳ мондани рушд ва инкишофи давлат барои ҳар фарди ҷомеа, бахусус занон нақши муҳим дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо бо дарназардошти вазъи пуртазоди ҷаҳон кўшиши дарёфти роҳу усулҳои ҳифзи амният ва манфиатҳои миллии худро бо фаъолгардонӣ ва такя ба тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла занон дорад. Зеро маҳз занон тарбиятгари неруи созанда буда, метавонанд шахсонеро тарбият намоянд, ки такягоҳи миллат ва пушту паноҳи давлати миллии тоҷикон бошанд.

Таърих ҳам гувоҳ аст, ки танҳо он давлатҳое рушд ва тараққӣ менамоянд, ки аз неруи инсонии худ самаранок ва оқилона истифода менамоянд.

Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ аз 26 январи имсол саҳми занонро дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ беназир дониста, дар робита ба фаъолгардонии занон чунин андеша намуданд: «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад».

Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки ҷомеаи тоҷикон муҳимият ва хусусияти иҷтимоии занонро дар ҷомеа ба инобат гирифта, бо қабули қонунҳо, барномаҳои давлатии пай дар пай иштироки онҳоро дар соҳаҳои гуногуни мамлакат таъмин менамояд.

Бо вуҷуди дастгириҳои доимӣ ва тадбирандешӣ дар ин самт мушкилиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки мутаассифона, дар баъзе мавридҳо аз ҷониби занҳо нодида гирифтани арзишҳои давлатдорӣ, муқаддасот, фарҳангу маданият ва урфу одатҳои тоҷикона ба назар расида, тақлиди бархе ҷавонзанон ба фарҳанги барои миллати тоҷик бегона, мусоидат барои расидан ба гурўҳҳои ифротӣ, кўтоҳандешона тарафдорӣ намудани ақоиди беасоси бархеҳо боиси таассуф аст. Бехабар аз он ки гурўҳҳои манфиатхоҳ бо ҷанбаҳои манфии бегонапарастӣ фикру ақидаҳои носолимро дар афкори занон ҷой сохта, фарҳанг, арзишҳои миллии таърихӣ ва қадимаи ҷомеаи тоҷиконро нест ва амнияти миллиро халалдор сохта, ба пояи давлатдорӣ хатар эҷод менамоянд.

Ҳар миллати худшинос ва худогоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз бо арзишҳои миллӣ ва фарҳангу маданияти хосаш шинохта мешавад.

Президенти мамлакат доир ба риояи қонунҳои миллии мамлакат, аз ҷумла: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкидҳо намуданд.

Занон бояд бо андеша, хулоса ва тасмим гирифтанҳои худ баробарвазн ба воқеият, асосноку мувофиқ ба талаботи замони имрўза дар ҳифзи ноёбтарин ва беҳтарин ганҷ барои инсоният дар рўи замин-соҳибистиқлолӣ ва сулҳу осоиштагии инсоният дар баробари мардон муваззаф бошанд. Занону модарони мо дар назди фарзандон масъулияти баланди модарӣ ва ҳам қарзи шаҳрвандӣ доранд. Фарзандон дар лаҳзаҳои ҳассос ба модарон ниёзи бештар доранд, аз ин рӯ тарбияи фарзандони худшинос ва худогоҳ вазифаи ҷонии модарон аст. Зеро танҳо занону модарон метавонанд, ки дар замири фарзанд ишқ ва меҳри ватанро парварида, инсонҳоро ба хушбинӣ, баҳрабарорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба сӯи пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват кунанд.

Дар ҳақиқат Паёми ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрўза тамоми қишри ҷомеа, бахусус занонро ба муттаҳидӣ ва якмаромӣ водор сохта, талаб менамояд, ки бо ташаккулу такомули донишҳои ҳуқуқӣ, гиромӣ доштани фарҳанг, ғоя ва андешаҳои миллии тоҷикона дар пешрафти ҷомеа ва тарбияи фарзандони некӯкирдор фаъол ва саҳмгузор бошанд, то ин ки пояҳои истиқлолу озодии кишварамон боз ҳам устувортар гарданд.

-Дар ин робита, мо, занон бояд дар ҷавоб ба эътиқод, эътимод, дастгириҳо, ғамхориҳо ва интизориҳои бағоят арзанда ва арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти модарӣ, инсонӣ ва шаҳрвандии худро тақвият бахшида, фарҳанги миллии худро амиқ омўзем, ҳамаҷониба таҳқиқ ва дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии худ ва фарзандон истифода намоем,  то  тавонем амният ва манфиатҳои миллии худро ҳамчун беҳтарин васила ва воситаи пайвандкунандаи қарнҳои гузашта, имрўза ва фардои ҷомеа таъмин намоем,- мегӯяд мудири шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргул Бухориева.

Февраль 6, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд