«САХӢ ДАР ҲАРДУ ОЛАМ САРБАЛАНД АСТ…». Роҳбари ҶДММ «Сарманзил» ба кормандон ва бошандагони Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат кумак кард

Февраль 12, 2021 16:47

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба кормандон ва бошандагони Муассисаи давлатии «Шифохонаи  шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат» кумак намуда, барояшон зиёфат орост.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  соҳибкор Маҳмудҷон Муродов иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  талошу заҳматҳои пайвастаи  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он  дар фазои сулҳу оромӣ хушу хуррам умр ба сар мебаранд.

«Заҳматҳои ҳамешагии шумо, табибонро,  ки дар ҳама гуна  рӯзҳои вазнин дар паҳлӯи  беморон қарор доред ва ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ шабонарӯз заҳмат мекашед, Сарвари давлат қадр мекунанд. Дарвоқеъ, фаъолият ва рӯҳияи қавии шумо бо ҳамдилии мардум метавонад моро ба рӯзҳои хубу равшан расонад ва ба беморон қувва бахшад. Ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд,  дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ибтикороти  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд. Имрӯз нафарони камбизоат танҳо нестанд ва онҳо зери  ғамхории доимии  Сарвари давлат қарор доранд. Зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки барои  кумак ба ятимону камбизоатон  бояд мо, соҳибкорон ҳамеша омода бошем ва ба онҳо дасти  мадад дароз намоем»,-гуфт Маҳмудҷон Муродов.

Ба андешаи мавсуф, «бо дасти ёрӣ дароз намудан ба камбизоатону барҷомондагон ҳеҷ гоҳ дороии инсон кам намегардад, балки бо дуои хайри онҳо давлат зиёда мегардад. Ҳар  маблағе, ки соҳибкор ба даст меорад, дар он ҳиссаи ятимону камбизоатон, бепарасторон ва барҷомондагон  низ  ҳаст. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша дар андешаи  кумак расонидан ба ин қишри ҷомеа  бошем».

Директори Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии  парастории ҳамшираҳои шафқат» Зулфия Шукурова чунин иброз дошт: «Бо дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори муваффақ Маҳмудҷон Муродов барои дастгирӣ ва кумаки мо, кормандон ва бошандагони  Шифохонаи  шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат омад. Чандин бор аст, ки ин соҳибкор ба мо кумак мерасонад».

Бояд гуфт, ки имрӯз аз ҷониби Маҳмудҷон Муродов ба ин шифохона  6 телевизор, 3 яхдон, 3 мошинаи ҷомашӯӣ, 30 қолин, 6 либосхушккунак, дарзмол, чойники барқӣ, маҳсулоти шустушӯӣ, либосҳои таҳпӯш, сачоқ ва маводи хурокӣ тақдим карда шуд. Инчунин ба беш аз 90 нафар кормандони муассисаи мазкур маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маводи зарурӣ   кӯмак расонида  шуд.

Бошандагони  Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии  парастории ҳамшираҳои шафқат» аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори  миннатдорӣ намуданд. Онҳо иқдоми соҳибкор Маҳмудҷон Муродовро шоистаи таҳсин хонда, зикр намуданд, ки  хуро ҳеҷ гоҳ худро бекасу барҷомонда эҳсос намекунанд. «Зеро анҷоми ин гуна амалҳои хайру савоб  бори дигар моро ба зиндагӣ дилгарм менамояд», — гуфтанд онҳо.

Ба иттилои Директори Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии  парастории ҳамшираҳои шафқат» Зулфия Шукурова, имрӯз дар муассисаи мазкур 91 нафар зери назорати табибон қарор дошта, аксарияти онҳоро русзабонҳо ташкил медиҳанд.

Дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа, махсусан пиронсолон имрӯз дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат мавқеи хосса дорад. Ҳоло дар муассисаи мазкур барои бошандагон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ба табақаи осебпазири ҷомеа  дарак медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки таҳти  ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Маҳмудҷон Муродов пайваста саҳми муносиби худро дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон ва шахсони  имконияташон маҳдуд мегузорад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мавсуф ба ду оилаи маъюб-сокини кӯчаи Ҳусейнзода, № 10,  3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони  имконияташон маҳдуд- Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе  дар биноҳои баландошёнаи бунёднамудааш манзили истиқоматӣ ҳадя кард. Ӯ Хонаи кӯдакони  пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт. Ҳамзамон  ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ ва «Шоҳмансур-1»-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар,  биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2021 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид