Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фарогири 12 ихтисоси PhD ва 14 ихтисоси илмии анъанавист

Февраль 3, 2021 11:04

 ДУШАНБЕ, 03.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.  Осимӣ Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият дорад, ки фарогири 12 ихтисоси PhD  ва 14 ихтисоси илмии анъанавӣ мебошад. Соли равон  дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ ва шӯроҳои диссертатсионии дигар муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 21 нафар устодон рисолаҳои илмиашонро ҳимоя карданд, ки аз онҳо 18 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотии  ин ниҳод баён намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаи алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.

Дар айни замон парки технологии донишгоҳ дар асоси шартнома корҳои  илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташкилот ба роҳ монда, инчунин барои донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат таҷҳизоти лабораторӣ тайёр менамояд. Ҳамчунин дар  ин самт соли равон якчанд озмунҳо баргузор карда шуда, донишҷӯёни соҳибзавқ ва ихтироъкор ба парки технологӣ ҷалб карда шуданд.

Қудрат Давлатзода иброз намуд, ки «барои мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникӣ ва иқтидории илмии донишгоҳ таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо ба ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шудааст. Соли равон ҳамкорӣ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо- Erasmus+, Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ  аз ин зумра мебошад».

Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 қабули донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳ зиёд гардида, беш аз 400 нафарро ташкил медиҳад.

Февраль 3, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад