Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фарогири 12 ихтисоси PhD ва 14 ихтисоси илмии анъанавист
ДУШАНБЕ, 03.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият дорад, ки фарогири 12 ихтисоси PhD ва 14 ихтисоси илмии анъанавӣ мебошад. Соли равон дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ ва шӯроҳои диссертатсионии дигар муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 21 нафар устодон рисолаҳои илмиашонро ҳимоя карданд, ки аз онҳо 18 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаи алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.
Дар айни замон парки технологии донишгоҳ дар асоси шартнома корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташкилот ба роҳ монда, инчунин барои донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат таҷҳизоти лабораторӣ тайёр менамояд. Ҳамчунин дар ин самт соли равон якчанд озмунҳо баргузор карда шуда, донишҷӯёни соҳибзавқ ва ихтироъкор ба парки технологӣ ҷалб карда шуданд.
Қудрат Давлатзода иброз намуд, ки «барои мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникӣ ва иқтидории илмии донишгоҳ таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо ба ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шудааст. Соли равон ҳамкорӣ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо- Erasmus+, Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ аз ин зумра мебошад».
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 қабули донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳ зиёд гардида, беш аз 400 нафарро ташкил медиҳад.








«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд






