Шоири тоҷик Карим Ҳайдар бо ҷоизаи мӯътабари адабии Россия- медали «Иван Бунин» сарфароз гардид

Февраль 8, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори Президиуми Иттифоқи нависандагони Россия шоир, журналист ва тарҷумони маъруфи тоҷик Карим Ҳайдар, ки  ба ҷоизаи мӯътабари адабии Россия — «Шоири сол»  пешбарӣ шуда буд, бо медали «Иван Бунин» сарфароз гардонида шуд.

Ҷоизаи мазкур ба муносибати 150-умин солгарди таваллуди Иван Бунин- нахустин лауреати ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт таъсис дода шудааст.  Ин медал ба номзадҳои ҷоизаи миллии адабии «Шоири сол», инчунин ба шахсоне супорида мешавад, ки дар рушди адабиёти рус саҳми назаррас доранд. Ҷоизаи мазкур аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Россия  таъсис дода шуда, соле як маротиба тариқи озмун ба шахсони арзанда тақдим мегардад.

Маросими супоридани медалҳо дар толори консертии ҳукумати Москва 21 марти соли 2021 дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии шеър доир  мешавад.

Ёдовар бояд шуд ки Карим Ҳайдар  соли 2020 бо медали  «Сергей Есенин» ва ситораи «Наследие» сарфароз гардонида шуда, ба ӯ ҳуқуқи нашр кардани шеърҳо дар маҷмӯаҳои асарҳои нависандагони гуногун (алманах)- ҳои адабии «Русь моя»,  «Наследие» ва «Поэт года» дода шуд. Ҳамчунин ба ҷоизаи адабии Россия «Шоири сол» пешбарӣ гардида буд.

Зимни суҳбати телефонӣ бо мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ   Карим ҲАЙДАР чунин гуфт:

«Хабар дар бораи бо медали «Иван Бунин» мукофотонида шуданам  бароям рӯйдоди муҳим дар фаъолияти эҷодӣ, инчунин шодӣ ва ифтихори бузург дар  60-солагиам мебошад. Солгард бароям ҷамъбасти натиҷаҳо ва рӯйдодест барои тавсифи нақшаҳо ва самтҳои нави эҷодӣ».

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар шаҳри  Истаравшани вилояти Суғд, дар оилаи рӯзноманигор ва нависанда Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Аз соли 2006  дар телевизиони «Тоҷикистон» кор мекунад.

Ӯ ба забони русӣ шеърҳо, ҳикояҳо, драмаҳо ва очеркҳо менависад, ки баъзеи онҳо дар нашрияҳои даврии ИДМ нашр карда шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Голоса предков», «Дыхание любви», «Город за холмом», «Голос народной совести», «Любовь огнепоклонника», «Гиссарская баллада» ва китобҳои публитсистии «Через всю жизнь»  ва «Военный комиссар» мебошад.

Муаллифи тарҷумаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз забони тоҷикӣ ба русӣ мебошад. Ӯ як қатор асарҳои шоирону нависандагони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Муаллифи барномаҳо ва филмҳои ҳуҷҷатии «Путь Лидера нации»,  «Адам поэтов»,  «Вдохновение», «Роберт Рождественский», «Тимур Зульфикаров», «Михаил Синельников — поэт и переводчик», «Таджикский Штирлиц», «Панорама», «Цветник дружбы» ва ғайраҳо мебошад.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Бо медали Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» мукофотонида шудааст. Соли 2018 бо ордени Россия «Достоевский, дараҷаи I» сарфароз гардидааст.

Иттифоқи нависандагони Россия Карим Ҳайдарро бо ситораи  «Наследие» ва медали  «Сергей Есенин» қадрдонӣ кардааст.  Ҳамзамон  Карим Ҳайдар ба гирифтани ҷоизаи адабии «Поэт года» — «Шоири сол» барои соли 2020 пешбарӣ гардида буд. Ӯ муаллифи матни суруди (гимни) Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мебошад.

Февраль 8, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дуюмин Ассамблеяи умумии Эътилофи мероси Осиё баргузор гардид
Филми «Моҳӣ дар шаст» дар синамоҷашнвораи «Парвонаи алмосӣ» ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз довталабони озмун барои «Шоҳҷоиза» рақобат менамоянд
Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд
Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд