Шуҳрат Мақсудзода: Ба бандҳои дахлдори Қоидаи суғуртаи ихтиёрӣ сироятёбӣ аз бемории коронавирус ворид шуд

Февраль 8, 2021 13:02

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати имрӯза КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 63 филиал ва 6 намояндагӣ дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли гузашта корхона бо мақсади паст намудани хавфҳои иҷтимоии пайдоиши бемории сироятии нави коронавирус ба бандҳои дахлдори Қоидаи суғуртаи ихтиёрӣ  аз ҳолатҳои нохуш ва беморӣ тағйиру иловаҳоро дар самти ҳолати суғуртавӣ шуморидани сироятёбӣ аз бемории коронавирус ворид намуда, онро дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дод.  Ин нуктаро директори Корхонаи Воҳиди Давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат  Мақсудзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.

“Соли  2020 миёни суғурташудагон ҳолатҳои беморӣ ва фавт буданд. Аз рӯи бемории роҳҳои нафас ва илтиҳоби шуш ба шаш нафар ходимони давлатӣ ба миқдори ҳашт маоши охирини онҳо ва ба ду нафар сарбозони фавтида ба миқдори 100 нишондиҳанда  барои ҳисобҳо ҷуброн пардохт карда шуд”,-гуфт Шуҳрат Мақсудзода.

Зикр гардид, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» новобаста аз таъсири манфии паҳншавии бемории коронавирус ва ҷорӣ шудани маҳдудият дар соли 2020  513 660 шартномаи суғуртавӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба имзо расонид, ки аз он шартномаҳои шакли ҳатмии суғурта 44806 адад ё 8,7 фоизи шумораи умумии шартномаҳо ва шартномаҳои шакли ихтиёрии суғурта 468854 адад ё 91,3 фоизи шумораи умумии шартномаҳоро ташкил медиҳанд.

Аз шартномаҳои басташуда дар маҷмӯъ 26,5 миллион сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид, ки мутаносибан 6,2 миллион сомонӣ ё 23,4 фоиз ба шакли ҳатмии суғурта ва 20,3 миллион сомонӣ, ё 76,6 фоиз ба шакли ихтиёрии суғурта мансубият дорад.

Корхона дар давраи ҳисобтӣ ба 5113 нафар зарардидагон ҷуброни суғуртавиро ба маблағи умумии 4,8 миллион сомонӣ пардохт намуд, ки 18,3 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил медиҳад ва аз он 1,1 миллион  сомонӣ ё 23,0 фоиз аз ҳисоби шакли ҳатмии суғурта ва 3,7 миллион сомонӣ, ё 77,0 фоиз аз ҳисоби шакли ихтиёрии суғурта таъмин гардидааст.

Натиҷаи фаъолияти молиявии Корхона дар соли 2020 бо фоида ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ ҷамъбаст гардидааст, ки нисбат ба соли 2019  33,6 фоиз бештар мебошад.

Февраль 8, 2021 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст