Станислав Зас: «Нақшаи татбиқи қарорҳои иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва афзалияти ҷониби Тоҷикистон дар соли 2021 тасдиқ карда шуд»

Февраль 18, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ШАД СААД), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи татбиқи қарорҳои иҷлосияи ШАД СААД ва афзалияти ҷониби Тоҷикистонро дар соли 2021 тасдиқ карданд», — иттилоъ дод ба хабарнигорон имрӯз дабири кулли СААД Станислав Зас пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Станислав Зас, ин санад дар асоси қарорҳои иҷлосияи моҳи декабри (2020) ШАД СААД бо назардошти пешниҳодҳое, ки дар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти СААД манзур гардидаанд ва бо таваҷҷуҳ ба афзалияти раёсати Тоҷикистон дар Созмон таҳия шуд.

«Дар нақша тадбирҳои амалӣ дар соҳаҳои ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ҳамгироӣ дар масъалаи мубориза бар зидди чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви Созмон пешбинӣ шудаанд. Аксарияти тадбирҳо дар доираи Нақшаи мазкур дар Тоҷикистон бо иштироки щахсан намояндагони кишварҳои узви СААД баргузор мешаванд. Барои ин дар Тоҷикистон вазъи мусоид фароҳам оварда шудааст», — гуфт дабири кулли СААД.

«Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба рушди вазъ дар Афғонистон, инчунин тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Мутаассифона, вазъ дар Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад», — таъкид кард Станислав Зас.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Февраль 18, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид