ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, якшанбе, 45-умин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 14, 2021 08:00

14 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳамоҳангсози доимии вақти Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуданд.

***

3 сол пеш, 14 феврали соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои генералии иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

14 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб.

***

Рӯзи паҳн кардани иттилоот дар бораи бемории модарзодии дил.

РӮЙДОДҲО:

 14 феврали соли 2011 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сомонаи интернетии худ:  http://tajikistanrc.wordpress.com/-ро фаъол намуд.

***

14 феврали соли  2012 дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии даври интихобии дастаҳои мунтахаби ҷавонони Чемпионати Осиё    (U-22) баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷойгир шуда, дастаҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Молдова рақибонаш гардиданд.

***

9 сол пеш, 14 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

***

14 феврали соли 2014 зимни сафари кории ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки  дар он масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар вохӯриҳои қаблии рӯзҳои 30-31 январи соли 2014 ба даст омада буданд, баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои ИДМ дар Минск «Баённома дар бораи  принсипҳои ҳамкорӣ» қабул гардида, Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ ва Шӯрои  неруи барқи ИДМ таъсис дода шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 гӯштингири машҳури тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 Беҳруз Хоҷазода дар раддабандии самбочиёни ҷаҳон мақоми дуюм касб намуд.

***

Соли  2005 домени интернетии www.youtube.com фаъол карда шуд. Моҳи январи соли 2012 шумораи тамошобинони видеоҳои он ба 12  миллиард нафар  расид.

Февраль 14, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш