«Ҳулбук – нишонае аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ баргузор шуд

Февраль 27, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  26 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳулбук- нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик» намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид. Ҳулбук ҳамчун ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардида, дар раванди омӯзиш қарор дорад.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ифтитоҳи намоишгоҳ иброз намуд, ки шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин бора меъмории бошукӯҳи он ва бозёфтҳои нодири бостонӣ баръало шаҳодат медиҳанд.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии
Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар намоиш беш аз 220 адад бозёфтҳои арзишманд ва нодири марбут ба ҳунарҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ, гаҷкорӣ, шишагарӣ, сафолгарӣ, сангтарошӣ, заргарӣ ва мисгарӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.

Ҳамчунин дар як гӯшаи намоиш маҷмӯи донаҳои шоҳмот ва як ҷуфт тос барои бозии нард ба маъраз гузошта шудаанд, ки бозёфтҳои асли ин ёдгорӣ буда, аз маъмул будани ин бозиҳо дар Ҳулбук гувоҳӣ медиҳанд. Зарфҳои шишагӣ, ба монанди қароба, қатрарез, атрдон ва дигарҳо баёнгари рушди ҳунари шишагарӣ дар Ҳулбук мебошанд.

Дар маркази намоишгоҳ тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад доир ба ёдгории Ҳулбук манзури тамошобинон гардонида шудаанд.

Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ зери унвони «Ҳулбук — нишонае аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик»  конфронси илмӣ низ баргузор гардид, ки дар кори он олимону пажӯҳишгарон иштирок ва оид ба таърих, осор ва аҳамияти ин ёдгорӣ сухан гуфтанд.

Февраль 27, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Рим Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт