«Ҳулбук – нишонае аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳулбук- нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик» намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид. Ҳулбук ҳамчун ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардида, дар раванди омӯзиш қарор дорад.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ифтитоҳи намоишгоҳ иброз намуд, ки шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин бора меъмории бошукӯҳи он ва бозёфтҳои нодири бостонӣ баръало шаҳодат медиҳанд.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии
Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар намоиш беш аз 220 адад бозёфтҳои арзишманд ва нодири марбут ба ҳунарҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ, гаҷкорӣ, шишагарӣ, сафолгарӣ, сангтарошӣ, заргарӣ ва мисгарӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.
Ҳамчунин дар як гӯшаи намоиш маҷмӯи донаҳои шоҳмот ва як ҷуфт тос барои бозии нард ба маъраз гузошта шудаанд, ки бозёфтҳои асли ин ёдгорӣ буда, аз маъмул будани ин бозиҳо дар Ҳулбук гувоҳӣ медиҳанд. Зарфҳои шишагӣ, ба монанди қароба, қатрарез, атрдон ва дигарҳо баёнгари рушди ҳунари шишагарӣ дар Ҳулбук мебошанд.
Дар маркази намоишгоҳ тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад доир ба ёдгории Ҳулбук манзури тамошобинон гардонида шудаанд.
Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ зери унвони «Ҳулбук — нишонае аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик» конфронси илмӣ низ баргузор гардид, ки дар кори он олимону пажӯҳишгарон иштирок ва оид ба таърих, осор ва аҳамияти ин ёдгорӣ сухан гуфтанд.










«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд






