Узви Маҷлиси миллӣ бо сокинони шаҳри Бӯстон оид ба моҳияти Паёми Пешвои миллат суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту суҳбатҳои узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, мулоқот доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода зикр намуд, ки имрӯзҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии кишвар мулоқоту суҳбатҳо доир гардида истодаанд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сартабиби Беморхонаи рақами 1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Карима Ҳакимова андешаҳои хешро вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Сипас, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд- мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов ва номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов перомуни дигар ҷанбаҳои Паём ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ташаббусҳои наҷиб вобаста ба расидан ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-саноатикунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.
Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар тамоми самтҳо муваффақона ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани нишондиҳандаҳо бо қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Бахусус дар замони соҳибистиқлолии Ватан мавриди истифода қарор додани иншооти таъйиноти гуногун ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди босуботи мамлакат шоистаи зикр мебошад.
Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раҳнамо ва дастури кори мардуми шарифи мамлакат буда, моро зарур аст баҳри амалӣ гардонидани нишондиҳандаҳои он аз тамоми имконият истифода намоем.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






