Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм мегузоранд

Февраль 22, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт аз ҷониби  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ  дар ҳудуди маҳаллаи  Гулободи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 50 адад дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Тавре вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Зайналобиддин Кобулӣ иброз дошт, дар ин ҳашари умумишаҳрӣ сокинони маҳаллаи мазкур, коллективи омўзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 36 ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур, ки дар қаламрави ҳавзаи интихоботии мазкур қарор доранд, бо асбобу олоти зарурӣ атрофи ниҳолҳои пештар шинондаро нарм карда, пору рехтанд ва атрофи биноҳои истиқоматиро тоза намуданд.

Зайналобиддин Кобулӣ гуфт, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сокинони пойтахт даъват намуда буд, ки «ҳамчун нишони ҳамраъйӣ дар мавсими ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва назди биноҳои истиқоматӣ як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд». Ин даъват на танҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе, балки дар сар то сари кишвар ҳамовозӣ ва ҷонибдории самимӣ пайдо карда, ба ташаббуси умумимиллӣ табдил ёфт.

Риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар кўчаву маҳаллаҳо, шаҳракҳо боғу майдонҳо, гулгаштҳо, майдонҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулият ва уҳдадории ҳамаи шахсони мансабдору шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Февраль 22, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад