Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода: Соли 2020 аз ҳама зиёд ҷиноятҳои дуздӣ ва қаллобӣ ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар мамлакат 107 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 135, таҷовуз ба номус — 34, роҳзанӣ — 33, савдои одамон — 12, ғоратгарӣ — 161, авбошӣ — 1325, қаллобӣ — 2866, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 44, дуздӣ — 6197, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор — 602 ва ҷиноят бо истифодаи силоҳ – 42 ҳолат ба ҳисоб гирифта шуданд.
Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 19 феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
-Дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 (2019 — 21 996) ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 18 ҳазору 887 адади он ошкор гардид. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15 ҳазору 542 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуданд,-афзуд номбурда.
“Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ соли 2020 дар ҷумҳурӣ 566 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 54 адад автомат, 65 адад таппонча, 138 адад милтиқ ва карабин, 302 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд.
Миқдори силоҳи аз соли 1994 то ин ҷониб дар ҷумҳурӣ мусодирагардида 44 ҳазору 37 ададро ташкил медиҳад»,- тазаккур дод Вазир.
Рамазон Раҳимзода афзуд, ки соли гузашта 2 ҳазору 71 нафар дар ҷустуҷӯ эълон гардида, аз ин шумора 1 ҳазору 973 нафарашон дастгир карда шуданд.
“Дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ моро водор месозад, ки бо иродаи устувору хастанопазир дар таъмини волоияти қонун, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва бар зидди ҷинояткорӣ мубориза барем”,- таъкид намуд вазир.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






