Вазирони саноати Тоҷикистон ва Россия дурнамои кооператсияи саноатиро дар соҳаи мошинсозӣ муҳокима карданд

Февраль 11, 2021 11:11

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Денис Мантуров 8 феврал вазъи кунунии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои кооператсионӣ ва афзудани гардиши мутақобилаи молҳо якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Илова бар ин, дурнамои кооператсияи саноатиро дар соҳаи мошинсозӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил намудани истеҳсоли шинаҳоро муҳокима карданд.

Денис Мантуров дар ҷараёни мулоқот Шералӣ Кабир ва ширкатҳои тоҷикиро даъват кард, ки дар «намуди содиротӣ» -и «ИННОПРОМ»  — намоишгоҳи саноатии «Ҳафтаи калони саноатӣ», ки аввали моҳи апрел дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат варзанд.

АКСИ: ВСТ-и РОССИЯ

Февраль 11, 2021 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд