Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот намуданд

Март 29, 2021 18:39

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, илм ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ин арсаҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар муҳим хоҳад буд.

Сохтмони нақби “Истиқлол” яке аз намунаҳои мусбати ҳамкориҳои байни ду кишвар арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи Қарордод “Дар хусуси анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби Истиқлол” корҳо дар самти такмили сохтмони ин нақб то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон ба анҷом хоҳанд расид.

Дар робита ба равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геостратегӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ ва вазъи Афғонистон, роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф 29.03.2021

Март 29, 2021 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд