БОНКДОРИИ ИСЛОМӢ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ЧӢ САҲМ ГУЗОШТА МЕТАВОНАД? Шарҳи коршиносон дар ин мавзӯъ

Март 15, 2021 13:59

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонкдории исломӣ чанд соли охир дар ҷаҳон нуфузи зиёд касб намуда, таваҷҷуҳи кишварҳоеро, ки бо низоми бонкдории анъанавӣ фаъолият доранд, беш аз пеш ба худ ҷалб мекунад.  Омили асосии рушди муваффақонаи он  дар раванди буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ бештар маъмулу маъруф гардид. Зеро бар асари буҳронҳои ҷаҳонӣ  низоми бонкии анъанавӣ осеби ҷиддӣ дида, ҳатто бонкҳои бузургтариниҷаҳон муфлис шуданд.

Бо тафсилоти бештар – шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз як сол мешавад, ки аввалин бонки исломӣ- ҶСК «Тавҳидбонк» фаъолият дорад ва аз рӯйи принсипҳои хос фаъолият мекунад.

Сардори идораи маблағгузории исломии ҶСК «Тавҳидбонк» Деҳқон Самадов мегӯяд, ки дар айни ҳол маҳсулоти исломии бонкии маблағгузорӣ — муробаҳа ва маҳсулоти амонатӣ — пасандозӣ- музораба бо зермаҳсулоти онҳо пешниҳод мешаванд. Муробаҳа аҳдест, ки мутобиқи он бонки исломӣ бо дархости муштарӣ молеро аз фурӯшанда харида, бо иловаи изофапулӣ ба муштарӣ мефурӯшад. Муштарӣ имкон дорад, ки арзиши молро дар муҳлатҳои баъдӣ- давра ба давра пардохт намояд. Ӯ гуфт, дар сурати вайрон шудани шартнома ё сари вақт пардохт нашудани маблағи муайянгардида муштарӣ ҷарима баста мешавад ва маблағи ҷарима ба корҳои хайриявӣ масраф мешавад.

Ба иттилои Д. Самадов,  «Тавҳидбонк» соли 2020 муштариёнро ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кардааст, ки нисбат ба соли 2019 9,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Маблағгузорӣ асосан барои таъмини эҳтиёҷоти истеъмолии муштариён (хариди таҷҳизоти рӯзгор, нақлиёт ва ба соҳаи кишоварзӣ) равона гардидааст. Ҷалби пасандозҳои муштариён соли 2020 74% афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2019 як баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон аз ҷониби «Тавҳидбонк» бештар аз 100 ҳазор сомонӣ ба шахсони ниёзманд қарзҳои бе фоиз пешкаш гардидаанд. «Қарзи бе фоиз ба истилоҳ қарзи ҳасана унвон дорад ва ба хотири дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ равона карда мешавад, ки аз ин навъи қарз бонк ҳеҷ суде намегирад ва ҳадаф дастгирии қишри осебпазир мебошад», -гуфт Д. Самадов.

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров мегӯяд,  бозори молиявии бонкҳои исломӣ то 2,5 — 3 триллион доллар сармоя дорад ва маҳаки онро иқтисоди воқеӣ ва канорагирӣ аз ҳар шакли ноаён ва тақсими хавҳо байни иштирокчиёни амалиёти бонкӣ ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, баҳри дарёфти роҳҳои алтернативии маблағузории фаъолияти соҳибкорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бозори муташаккили коғазҳои қиматнок ташкил намуд ва фаъолият дар ин бозорро аз андозҳо озод намуд. Инчунин қонуни бонкдории исломӣ қабул шуд ва дар ин замина зерсанадҳои дахлдори он таҳия шуда истодаанд. Илова бар ин, дар назар аст, ки дар лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав низоми ҷудогонаи андозбандии бонкдории исломӣ пешбинӣ гардад. Ҳамаи ин роҳҳои алтернативиеанд, ки метавонанд ба маблагузории иқтисодиёт кумак расонанд.

Ба андешаи иқтисодшинос Собир Вазиров, бо таваҷҷуҳ ба он ки ҳукумати мамлакат рушди ояндаи иқтисоди кишварро аз соҳаи саноат мебинад ва бо ин мақсад ҳадафу барномаҳо низ таҳия шудаанд, дар ин роҳ бонкдории исломӣ метавонад ҳисса гузорад. «Зеро бонкдории исломӣ аз усулҳои спекулятивӣ (спекулятивӣ ё ҳаннотӣ дар молияи исломӣ маънои дарёфти фоида аз ҳолату манбаҳои тасодуфӣ ва номаълумро ифода мекунад, ки он ба принсипҳои асосии бонкдории исломӣ мухолифат дорад) дур буда, имконияти рушди иқтисодиёти воқеиро ба миён меоварад ва соҳаи асосияш истеҳсолот аст. Аз назари он ки хавфҳои соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷиҳати гирифтани даромаду  фоида бештар аст, дар ин самт хавфҳо байни соҳибкору бонк як хел тақсим карда мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки рушди воқеӣ ба миён ояд»,- гуфт С. Вазиров.

Коршинос Далер Мерганов, ки бештар масъалаҳои иқтисодиро таҳлил мекунад, мегӯяд, ки як мушкилии аҳолӣ-ин надоштани донишҳоли молиявии бонкдории исломӣ аст. Зеро аксаран ақида доранд, ки ин намуди бонкҳо як ташкилоти хайриявиянд, вале дар асл ин тавр нест. Бонкдории исломӣ- ин ташкилоти молиявиест, ки мақсадаш гирифтани фоида мебошад. «Бегуфтугӯ, ҷорӣ намудани ин усули бонкдорӣ дар шароити кунунии кишвар зарур ва ҷанбаҳои мусбати он хеле зиёд аст. Ҳоло шаҳрвандон аз баланд будани фоизи қарзи ташкилоти амалкунанда изҳори нигаронӣ менамоянд, чунки вазни қиёсии фоизи қарзҳо дар арзиши аслии маҳсулот ва кору хизматрасонӣ то 30 фоизро ташкил медиҳад»,- гуфт Д. Мерганов.

Дар адабиёти илмии марбут ба иқтисод ва бонкдории исломӣ зиёда аз 100 фарқи низоми бонкии исломӣ аз низоми бонкии анъанавӣ муайян шудааст. Аммо фарқи асосӣ дар нагирифтани фоиз зоҳир мегардад. Ташкилоти қарзии исломӣ дар қиёс ба ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ҷои гирифтани фоиз аз амалиёти қарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуда, фоидаю зарарро бо мизоҷон тақсим менамояд. Ҳамчунин бонки исломӣ муштариёнро барои харидории молу дороиҳо, иҷораи молиявии воситаҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот ва амволи дигар, бо истифода аз маҳсулоти бонкии исломӣ маблағгузорӣ менамояд.

Ба андешаи Далер Мерганов,  ҳавасмандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ин намуди бонк хеле зиёд аст. «Агар дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин чиз аз ҷониби бахши хусусӣ пешниҳод шуда бошад, дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ» қабул шудааст, ки ташаббускораш Ҳукумати Тоҷикистон аст. Яъне ин хеле муҳим аст, ки дар кишвари мо ҳукумат ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва ҳавасмандияшро дар бобати ҷорӣ намудани ҳамин низоми бонкӣ босароҳат изҳор кард»,- гуфт Д. Мерганов ва илова намуд, ки дар сурати қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки тибқи пешниҳоди субъектҳои дахлдор якчанд тағйироти андозӣ дар назар аст, фаъолияти бонкдории исломӣ дар кишвари мо густариш ёфта, ҳамрадиф бо бонкдории анъанавӣ дар рушди иқтисоди кишвар саҳми муҳим мегузорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ҷумҳурии мо фаъолияти бонкдории исломӣ иқдоми нахуст аст ва ояндаи хуб дорад. Аз ҷумла, дар сурати ҳалли мушкилоти андозӣ ва мухолифатҳои қонун дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  рушди ин низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ тавсеа хоҳад ёфт.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Март 15, 2021 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1054 то 0.1070 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид