Бонки миллии Тоҷикистон ба «Паймон Иншуренс» ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод

Март 31, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии /ҶСПТС/«Паймон Иншуренс» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иҷозатнома ба ҶСПТС «Паймон Иншуренс» дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода шудааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни супоридани иҷозатнома ба иҷрокунандаи вазифаи  директории Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии «Паймон Иншуренс» Темур Мирсалимов барои фаъолияти минбаъда барор таманно карда, изҳори боварӣ намуд, ки ташкилоти мазкур дар оянда барои рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми муносиб мегузорад.

Ҳамчунин Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Март 31, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад