Бонки миллии Тоҷикистон ба «Паймон Иншуренс» ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии /ҶСПТС/«Паймон Иншуренс» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Иҷозатнома ба ҶСПТС «Паймон Иншуренс» дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода шудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни супоридани иҷозатнома ба иҷрокунандаи вазифаи директории Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии «Паймон Иншуренс» Темур Мирсалимов барои фаъолияти минбаъда барор таманно карда, изҳори боварӣ намуд, ки ташкилоти мазкур дар оянда барои рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми муносиб мегузорад.
Ҳамчунин Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






