COVID-19. Эмгузаронии оммавӣ ва маҳдудиятҳо: муборизаи кишварҳои ИДМ бо мавҷи нави коронавирус

Март 29, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Россия ҳафтаи гузашта аз Чин боздид намуд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ Сергей Лавров бо ниқоби дорои навиштаҷоти фитнаангез зоҳир мешуд, ки онро метавон ҳамчун «карантини лаънатӣ» хонд. Онро рӯзноманигорони рус ҳангоми сафар тавассути киштӣ дар дарёи Лидзян ба вай туҳфа карданд. «Карантини лаънатӣ» метавонад ба баъзе кишварҳои Иттиҳод низ таҳдид кунад. Дар Молдова, Арманистон ва Гурҷистон вазъ ҳар ҳафта бадтар мешавад. Дар Туркманистон ва Тоҷикистон дар сутуни сироятёфтагон  — чун пештара ҳоло ҳам рақами сифр аст, хабар додааст имрӯз «МИР 24».

Дар Молдова ҳоло беҳбудӣ мушоҳида намешавад. Ҳафтаи равон убур аз ҳад — зиёда аз ду ҳазор ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус сурат гирифт. Маргу мир низ зидди рекорд аст- дар як рӯз  41 ҳолати фавт.

Вазъияти дар Кишинёв бисёр мураккаб аст. Идораи хизматҳои дафн штати кормандонро васеъ мекунад. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки сатҳи маргу мир дар як соли охир 35% афзудааст. Дар байни фавтидагон  духтурон зиёданд. Кормандони соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама эм карда мешаванд. Акнун онҳо имкони интихоб доранд. Илова бар AstraZeneca, Молдова ваксинаи амрикоии Pfizer-BioNTech -ро ҳамчун кумаки башардӯстона дастрас намуд. Муҳассилини донишкадаҳои тиббӣ бо «Синофарм» -и чинӣ эм карда мешаванд

«Ин ваксина ба ман аз он ҷиҳат писанд омад, ки одӣ аст. Ин РНК ё ваксинаи векторӣ нест, балки вируси классикии ғайрифаъол (кушташуда) аст. Мутобиқи назария, он бояд таъсири манфии зиёд надошта бошад. Инчунин таҳқиқоти зиёд сурат гирифтааст ва он самаранокии хуб нишон додааст”, — зикр намуд Драгос Булат, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Молдова.

Президенти Молдова Майя Санду бо сафири Россия мулоқот кард ва мусоидати ӯро дар мавриди дарёфти ваксинаи «Спутник V» тақозо намуд.

Мавҷи навбатии коронавирус дар Арманистон низ суръат мегирад. Ин кишвар ба нишондиҳандаҳои тирамоҳӣ баргашт. Дар як рӯз — зиёда аз ҳазор ҳолати нав. Дар шуъбаҳои эҳёгарӣ амалан ҷойи холӣ боқӣ намондааст. Аммо онҳо ҳоло дар кишвар карантини шадид  ҷорӣ карданӣ нестанд. Аз одамон хоҳиш карда мешавад, ки ниқоб пӯшанд ва фосиларо нигоҳ доранд. Эмгузаронии ройгони оммавӣ дар Арманистон ҳанӯз оғоз нашудааст. Танҳо 600 нафар бо ваксинаи «Спутник V» -и Россия эм карда шудаанд. Дар навбати аввал, духтурони «минтақаи сурх». Дар айни замон ҳукумат дар бораи хариди бастаи калони ваксина гуфтушунид мекунад. Аммо замони дақиқи ворид шудани ваксинаҳо гуфта нашудааст.

Табибон мегӯянд раванди эмгузаронӣ дар Гурҷистон бояд тарғиб карда шавад. Аз ин рӯ, онҳо ният доранд, ки ба корҳои тарғиботӣ одамони машҳур — ҳунармандон, рассомон ва варзишгаронро ҷалб намоянд. Ҳоло худи онҳо, ҳамчун намуна бо ваксина эм карда мешаванд. Вазири тандурустӣ Екатерина Тикарадзе дар яке аз клиникаҳои Имеретӣ, ки то замони таъйин шуданаш ба ин вазифа ба он роҳбарӣ мекард, эм карда шуд.

«Ҳоло имкони интихоби Pfizer — BioNTech ва ё AstraZeneca мавҷуд аст. Ба ғайр аз кормандони соҳаи тандурустӣ, шахсони аз 65-сола боло низ метавонанд бо ваксина эм карда шаванд. Ин барои муҳофизати пиронсолон хеле муҳим аст», — зикр кардааст Екатерина Тикарадзе.

Ин дар ҳолест, ки шумораи сироятёфтагон дар Гурҷистон дубора афзоиш меёбад — тақрибан 500 нафар дар як шабонарӯз. Мақомот аллакай дар бораи эҳтимоли аз нав ҷорӣ намудани маҳдудият суҳбат мекунанд.

Беларус интизори кумак нашуд ва истеҳсоли саноатии ваксинаи «Спутник V» -ро шурӯъ кард. Дар калонтарин корхонаи дорусозии кишвар ваксинаро ба шишачаҳои сарбаста мерезанд. Вазири тандурустӣ Дмитрий Пиневич намунаҳои ин доруро ба президент нишон дод ва изҳор кард, ки худро бо нахустин ваксинае, ки аз конвейери Беларус хориҷ мешавад, эм хоҳад кард. Дар кишвар коркарди ваксинаи худӣ низ идома дорад. Аммо тавлиди он танҳо соли оянда муяссар хоҳад шуд.

«Мо бояд аз дастоварҳои онҳое истифода барем, ки аллакай ин корро кардаанд ва ваксинаи босифати худро бисозем. Агар ба коркарди ваксинаи боэътимод ва баландсифат — 98-99% муваффақ бишавем, пас ин пирӯзии азим хоҳад буд. Барои чизҳои хуб саъй бояд кард”, — изҳор кард Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко.

Дар Озарбойҷон низ беморони COVID-19 кам намешаванд. Дар як шабонарӯз зиёда аз ҳазор нафар. Ҳафтаи равон эмгузаронии одамони синнашон аз 40 боло шурӯъ шуд. Дар айни замон, зиёда аз ним миллион нафар эм карда шудааст. Ин 5% тамоми сокинони кишварро ташкил медиҳад. Доруи чинии «Синовак» истифода мешавад. Интиқоли ваксинаи AstraZeneca ба кишвар дар доираи барномаи COVAX ба таъхир гузошта шудааст. Онро пас аз як моҳ — зиёда аз 400 ҳазор воя хоҳанд овард.

Вазъи вобаста ба коронавирус дар Қазоқистон низ беҳбуд наёфтааст. Дар як рӯз зиёда аз ҳазор ҳолати нав сабт мешавад. Қазоқистони Ғарбӣ, Атирау, Алмаато ва Нур-Султон — дар «минтақаи сурх» қарор доранд. Зиёда аз 60% катҳо барои беморони коронавирус дар пойтахт банд мебошанд. Дар кишвар карантин нест, аммо маҳдудият вуҷуд доранд. Чорабиниҳои оммавӣ манъ шудаанд. Тӯйҳо, зодрӯзҳо ва ҳатто хайрот низ манъ шудаанд.

Корхонаи дорусозии Қарағанда ба нақша гирифтааст, ки то охири моҳи апрел истеҳсоли «Спутник V» -ро то як миллион воя зиёд кунад. Илова бар ин ҷумҳурӣ дар бораи воридоти иловагии доруи русӣ мувофиқа ҳосил намудааст. Ба ҳамин тартиб, ба зудӣ ҳар касе, ки хоҳиш дошта бошад, метавонад худро эм кунад. Ва на танҳо дар клиникаҳо, балки дар берун ва марказҳои савдо низ.

Аз рӯзи душанбе, 29 март эмгузаронӣ дар Қирғизистон оғоз мешавад. Ҳоло танҳо бо ваксинаи «Синофарм» -и чинӣ. Аллакай 150 ҳазор вояи ин дору ба кишвар ворид карда шудааст. Духтурон, омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эм карда хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, вазъи вобаста ба COVID-19 дар Қирғизистон бадтар мешавад. Шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ вақтҳои охир қариб ду баробар афзоиш ёфтааст. Ба ҳисоби миёна — 100 нафар дар як шабонарӯз. Аксари ҳолатҳои сироятёбӣ дар Бишкек ва вилояти Чуй сабт шудаанд. Аммо мақомот итминон медиҳанд — вазъ таҳти назорат аст. Нияти ҷорӣ намудани карантини шадид надоранд.

Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ оғоз ёфт. Аз духтурон шурӯъ намуданд. Ҳафтаи оянда афроди гирифтори бемориҳои музмин ва пиронсолон бо ваксина эм хоҳанд шуд. Дар доираи барномаи тақсимоти ваксинаи COVAX ба ҷумҳурӣ 190 ҳазор вояи AztraZeneca ворид шудааст. Дар кишвар се ҳазор маркази эмгузаронӣ фаъолият мекунанд.

«Эмгузаронӣ хеле хуб идома дорад, яъне кормандон эм карда мешаванд ва то имрӯз ягон ҳодисаи номатлуб пас аз эмкунӣ ба қайд гирифта нашудааст», — гуфт сардори шуъбаи эпидемиологии Маркази ҷумҳуриявии пешгирии масунияти Тоҷикистон Марина Назархудоева.

                                                                               АКСИ:  e-cis.info

Март 29, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд