Дар доираи амалиёти «Пиёдагард» ба хонандагони шаҳри Душанбе аломатҳо ва қоидаҳои ҳаракати роҳ омӯзонида мешаванд

Март 4, 2021 16:46

ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тибқи нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарият ва кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёт бо номи шартии «Пиёдагард», ки то 2 апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ амал мекунад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо хонандагони ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Юсуф Эмомзода, муовини сардори ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Саид Шомаҳмадзода, нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 Хурсандой Шарифова ширкат намуданд.

Сардори ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе Юсуф Эмомзода зимни мулоқот оид ба сатҳи қоидавайронкунӣ ва садаманокӣ бо иштироки кӯдакону наврасон дар пойтахт зарифи як сол маълумот дода, мақсади баргузории амалиётро баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маънидод намуд.  Дар идома нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе Мирзохон Саидов    оид ба аломатҳои роҳ  ва қоидаҳои ҳаракати роҳ ба хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зикр шуд, ки бояд ҳар шаҳрванди комилҳуқуқи ҷумҳурӣ пеш аз ҳама, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузошта, бояд тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро донад ва риояи онро бе чуну  чаро дар амал татбиқ намояд.

Ёдовар мешавем, ки чунин силсиласуҳбату мулоқотҳои ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилотӣ дар доираи амалиёти «Пиёдагард» то 2 апрел идома меёбанд.

Март 4, 2021 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад