Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин» доир шуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Модар озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин» доир гардиданд, ки дар он сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Фарзона Неъматзода, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фотима Сафармамадова, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки «фестивал-озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин», ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 баргузор мегарданд, аз зумраи чорабиниҳое мебошанд, ки фарҳанги миллиро дар байни ҷомеа тарғиб менамоянд. Махсусан фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо мақсади тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, маросими анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, ҷозибаи гесӯ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ, кошонаи ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба шуғлу касбомӯзӣ роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин зикр шуд, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, баргузор намудани озмуни «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд. Чакан, пеш аз ҳама, рамзи баҳор буда, гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд.
Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон — «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Баргузор намудани Фестивал-озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин» барои равнақ додани ҳунарҳои машшотагӣ, чакандӯзӣ, гулбаст кардани матоъҳои миллӣ мусоидат намуда, инчунин ба омӯхтани касбу ҳунар, зиёд намудани завқи кадбонугӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, баланд бардоштани эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, аз худ кардани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона заминаҳои зарурӣ муҳайё менамоянд.
Сипас, дар фестивал-озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин» донишҷӯдухтарон тарзҳои гуногуни оро додани гесӯ ва намудҳои зиёди чаканро намоиш дода, баъдан хӯрокҳои тайёрнамудаи худро муаррифӣ карданд. Инчунин аз тарафи онҳо санъатҳои мухталифи оро додани арӯс бо риоя намудани арзишҳои фарҳанги миллӣ намоиш дода шуд.










Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд






