Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд

Март 23, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 30 март  бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мешавад.

Барномаи фарҳангии ҳунармандони Тоҷикистон фарогири фарҳангу анъанаҳои миллӣ буда, дар он  суруду рақсҳо, қироати шеърҳо, замзамаи таронаҳо ва намоиши анъанаҳои хоси фарҳанги тоҷик  пешкаш мегарданд.

Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангии  «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳарду давлат мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид