Дар Душанбе дурнамои рушди шарокати стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар ҳошияи Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарокати стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва МҲТБО табодули назар карданд.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон дар моҳи марти соли 2018 баҳои баланд дода, ҷадвали банақшагирифташудаи робитаҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ барои соли 2021-ро баррасӣ намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






