Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз атрофи ёдгории бостонии дайри буддоии Аҷинатеппа тоза карда шуд

Март 20, 2021 12:12

ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Наврӯзи дилафрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тозаю озода намудани атрофи иншооти таърихӣ, аз ҷумла, ёдгории бостонии дайри буддоии Аҷинатеппа бо иштироки донишҷӯёни бахши сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳашар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Тозаю озода намудани муҳити атроф яке аз оинҳои ҷашни бостонии Наврӯз буда, ҳадафи аслӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар доираи нақшаи ҳашарҳои ҷумҳуриявӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сазовар таҷлил намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Чанде пеш дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар баробари дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ ва фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо дар атрофи иншооти таърихӣ ва бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии вилоят мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта буд.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири мазкур мунтазам роҳандозӣ гардида, дар ин ҷараён корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тоза намудани мавзеъҳои сайёҳгузар ба роҳ монда мешавад.

Март 20, 2021 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад