Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили «Ширу шакар» доир шуд

Март 6, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил шуда, дар ҷараёни он маҳфили «Ширу шакар» бо иштироки шоирони халқии Тоҷикистон Фарзонаву Озарахш, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев сурат гирифт. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маҳфили идона зикр шуд, ки «дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд. Бо назардошти хусусияти хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар модари тоҷик вазифадор аст, ки ҷиҳати ба   ҳаёти мустақилона   омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар вуҷуди онҳо парвариш додани эҳсоси баланди фарҳанги оиладорӣ ва иззуту эҳтироми ҳамдигарӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул пайваста таваҷҷуҳ намояд. Занону модарони арҷманди мо ин рисолати азалии худро амиқу дуруст дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ормонӣ ҳиссаи арзишманд мегузоранд».

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли бонувони шаҳрро бо Рӯзи Модар табрик намуда, афзуд, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи Модар ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон гардида, гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарони гиромӣ ва занону бонувони азиз дар ҷомеаи мо мебошад.

Барои мардуми соҳибфарҳанги тоҷик занону модарон чун сарчашмаи меҳру вафо, намунаи олии меҳрубонӣ, арзандатарин ҳастии ҳаёт буданду ҳастанд ва боқӣ хоҳанд монд. Аз ин ҷост, ки модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорӣ мебошанд, зеро онҳо меҳрубонтарин инсон барои ҳар шахс ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон барномаи рангини аҳли ҳунари шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Март 6, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд