Дар шаҳри Турсунзода сохтмони мактаби русӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Турсунзода сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимаш бо забони русӣ оғоз мегардад. 16 март гурӯҳи корӣ аз майдони бунёдшавандаи мактаби мазкур дидан намуда, бо ҷараёни корҳои омодагии сохтмони он шинос шуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зикр кард, ки ҷиҳати оғози корҳои сохтмонии мактаб майдон омода гардида, ҳуҷҷатгузориҳо, бунёди роҳу пулҳо муташаккилона идома доранд. Тибқи нақша сохтмони мактаби мазкур моҳи апрели соли равон оғоз гардида, он дар муддати 18 моҳ сохта ба истифода дода мешавад»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм давоми се соли оянда дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ба истифода дода мешаванд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон 15 январи соли 2020 ба тасвиб расонида шуд.
Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Тазаккур бояд дод, ки забони русӣ дар Тоҷикистон забони муоширати байни миллатҳост, инчунин он яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, забони русӣ дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз синфи дуюм омӯзонида мешавад.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар мамлакат 32 мактаби рӯсӣ бо шумораи 718 синф ва фарогирии 20 ҳозору 956 нафар хонанда ба таълим равона шудааст, ки ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мекунанд. Инчунин дар мамлакат 170 адад муассисаи таҳсилоти миёнае, ки дар онҳо забони тоҷикӣ ва русӣ омӯзонида мешаванд, фаъолият намуда, дар онҳо 72 ҳазору 607 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






