Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон оид ба Рӯзи байналмилалии захираҳои об ҳамоиш доир намуд

Март 16, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони масоили экологии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар мавзӯи «22 мартӯзи байналмилалии захираҳои об» ҳамоиш доир намуд. Ҳамоиши мазкур бахшида ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» ва Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳамасола 22 март таҷлил мешавад, роҳандозӣ гардид.

Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳамадраҳим Юсуфӣ роҷеъ ба фаъолияти комиссияи мазкур маълумоти мукаммал дод.

Вакили Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одинаев  иброз дошт, ки инсоният дар тӯли асри XX ва оғози асри XXI, аз як  тараф, ба туфайли истифодаи васеи дастовардҳои илмию технологӣ шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, дар ин муддат дучори мушкилиҳое гардид, ки характери минтақавӣ ва глобалӣ пайдо карда, ба раванди мавҷудияти ҳаёти инсон, дигар мавҷудот ва экосистемаҳои сайёра таҳдид мекунанд. Аз ҷумла, рушди бемайлони технологияҳо дар саноат ва кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, афзоиши аҳолӣ, истифодаи ноустувору ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ ва харобшавии бебозгашти бархе аз экосистемаҳои сайёра бар асари фаъолияти техногении инсон сабаби пайдоиш ва мураккабшавии мушкилоти ҷиддии глобалӣ дар соҳаи экология гардиданд”.

Дар байни мушкилоти глобалӣ норасоии об, пеш аз ҳама, оби тозаи нӯшокӣ ва харобшавии экосистемаҳои обӣ торафт бештар аҳамияти ҷиддӣ пайдо карда истодаанд. Афзоиши талабот ба об ва тағйирёбии иқлим шиддатнокии ин мушкилотро торафт бештар ва номуайян гардонида истодаанд.

Муҳимияти об барои ҳаёт ва умуман барои сайёраи Замин имрӯз ба аксиомае табдил ёфтааст, ки ба исбот зарурат надорад. Сабаби тезу тунд шудани масоили об аз лиҳози таъминии рушди устувор ба ҳолатҳои зерин марбут аст: об қисми таркибӣ ва хеле арзишманди сармояи табиӣ буда, он дар аксари кулли равандҳои табиӣ ва иқтисодӣ бевосита ширкат меварзад; нобаробар тақсим шудани об дар сатҳи ҷуғрофии олам норасоии онро дар минтақаҳои гунугун пурзӯр менамояд; қариб 1,5 млрд. нафар дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд; истеъмоли оби тоза дар 50 соли охир 3 маротиба зиёд шуда, норасоии оби нўшокии тоза  дар аксари мамолики рушдёбанда то ҳол ба таври нобаробар боқӣ мондааст (тибқи маълумоти СММ); то соли 2030 дар сурати андешида нашудани тадбирҳои зарурӣ тахминан 5 миллирд нафар аҳолӣ (қариб 67 % аҳолии сайёра) аз дастрасӣ ба оби тоза маҳрум хоҳанд шуд;  мушкилоти об ба яке аз омилҳои муҳим ва хеле таъсирбахш ба рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, амнияти глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ  табдил ёфтааст; рушди иқтисод ва афзоиши шумораи аҳолӣ- омилҳои асосии афзоиш ва шиддатнокии норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон мебошанд.

Ҳанӯз дар Декларатсия оид ба рушди устувор, ки соли 2002 дар Ҳа-моиши умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор (ш. Йоханнесбург, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) қабул шуда буд, таъкид шуда буд, ки об қисмати ҷудонашавандаи рушди устувор буда, хоҳу нохоҳ бо 5 мушкилоти асосии ҷаҳонӣ зич алоқаманд аст: об ва шароити беҳдошт (санитария), энергия, тандурустӣ, кишоварзӣ ва гуногунии биологӣ. Дар айни ҳол таъкид шуда буд, ки рушди устувор бе  ҳалли мушкилот дар бахши об ғайриимкон аст. Аз ҷумла, зикр гардид, ки қашшоқиро бе ҳалли мушкилоти истифодаи захираҳои об бартараф кардан номумкин аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар маъ-рўзаи худ аз минбари СММ соли 2015 таъкид карда буданд, ки «дар ин шароит, ба ақидаи мо, зарур аст, ки ба таври ҷиддӣ усулҳои ҳозираи идоракунии захираҳои об ва истифодаи онҳо аз нав бознигарӣ карда шаванд, то ин ки мутобиқшавии мувофиқ бо назардошти на танҳо омили иқлимӣ, балки инчунин афзоиши минбаъдаи аҳолӣ ва иқтисодиёт дар ҷаҳон, инчунин норасоии захираҳои оби нўшокӣ таъмин карда шавад».

Дар назар бояд дошт, ки бештар аз 70 фоизи сатҳи кураи Заминро об ташкил медиҳад. Танҳо тақрибан 2 фоизи ҳачми имконпазири ҷаҳо-нии захираҳои об ба гурӯҳи обҳои тоза (нӯшокӣ) дохил мешаванд. Тибқи баъзе сарчашмаҳо, дар 50 соли охир ҳачми истеъмоли об дар ҷаҳон бештар аз 2 маротиба афзудааст. Зиёда аз ин тақрибан 60 фоизи экосистемаҳои табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об алоқаманданд, бар асари таъсироти антропогенӣ харобгардида ҳисоб мешаванд. Ин ҳолат ба ҳаҷм, ҳолат ва сатҳи самаранокии истифодаи захираҳои оби истифодашаванда (истеъмолшаванда), пеш аз ҳама, обҳои нӯшокӣ таъсири хеле ҳам ногувор мерасонад.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар ҳамчунин муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илми Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Солиев, сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод Ғафурзода, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, мудири шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва татқиқоти илмию таълимии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Яраш Пулатов, сармутахассис оид ба татбиқи дастовардҳои илмии Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳасан Асоев,  директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов маърӯза намуданд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ,  маориф ва илм,  саноат ва технологияҳои нав,  энергетика ва захираҳои об,  Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Агентии омор, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Март 16, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид