Маҷаллаи «Wostok»-и Германия: «Даври панҷуми фаъолияти президентии Эмомалӣ Раҳмон»

Март 18, 2021 12:32

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.Чанде пеш дар маҷаллаи «Wostok»-и Германия маколаи рӯзноманигори тоҷик, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асозода таҳти унвони «Даври панҷуми фаъолияти президентии Эмомалӣ Раҳмон»  бо забони олмонӣ ба чоп расид. АМИТ «Ховар» мақолаи мазкурро бо забони тоҷикӣ манзури хонандагон мегардонад.

 

Даври панҷуми фаъолияти президентии Эмомалӣ Раҳмон

Муҳимтарин рӯйдоди сиёсии Тоҷикистон дар соли 2020 интихоботи президентӣ ба ҳисоб мерафт, ки он 11 октябри соли 2020 мутобиқ ба Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва бо риояи маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 баргузор гардид. Новобаста аз вазъи муташанниҷ дар кишварҳои дӯст, интихоботи Тоҷикистон дар фазои орому субот баргузор шуд. Ҷиҳати назорати раванди интихобот нозирони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), инчунин вакилон аз парлумонҳои кишварҳои дӯст даъват гардиданд.

Панҷ номзад аз ҷониби Комиссияи марказии райъпурсӣ ва интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) ба ҳайси номзад ба президентӣ сабти ном шуданд. Дар баробари президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин номзадии Рустам Латифзода аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Мироҷиддин Абдуллоев аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Абдуҳалим Ғафоров (Ғаффорзода) Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон пешбарӣ гардида буданд.

Мутобиқи иттилои Комиссияи марказии райъпурсӣ ва интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозиршавии интихобкунандагон 85,39 дарсад ё 4,22 миллион райъдиҳандаро ташкил додааст. Нозирон бар он назаранд, ки ин нишондод аз ҳисси баланди иштироки аҳолӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон бо касби 3,83 миллион овози интихобкунандагон, ки 90,92 дарсадро ташкил медиҳад, аз нав Президент таъйин шуд. Ба ҷонибдории Рустам Латифзод 3,03 фоиз, Рустам Раҳматзода — 2,14, Абдуҳалим Ғафоров — 1,49 ва Мироҷиддин Абдуллоев 1,17 дарсад овоз доданд.

Ба ақидаи нозирони тоҷикистонӣ, теъдоди зиёди шаҳрвандон саҳми Президент Эмомалӣ Раҳмонро маҳз дар хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997, таъсиси давлатдории миллӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди иқтисод ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонанд. Барномаи интихоботии Эмомалӣ Раҳмон пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, ҳамчунин рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷамъият, сиёсӣ ва фарҳангиро фаро мегирад.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздики Афғонистон бо беш аз 1300 километр марзи тӯлонии муштарак дар минтақаи ҳассос ва нуқтаи муҳими рақобати геополитикӣ ҷойгир шудааст. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳар сол ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин гардида, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 45,6 миллиард сомонӣ (3,4 миллиард евро) ба 87,4 миллиард сомонӣ (6,5 миллиард евро) баробар шуд. Дар баробари ин, ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду маротиба афзуда, аз 12 миллиард сомонии (890 миллион евро) соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ (1,7 миллаирд евро) дар соли 2020 баробар шуд. Бинобар зиёд шудани даромадҳо, маблағҳо барои беҳтарсозии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвияти муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин ҳимояи модару кӯдак равона гардиданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 миллиард сомонӣ (742 миллион евро) ба 27,5 миллаирд сомонӣ (2,04 миллиард евро) расид, ки танҳо соли 2019 се маротиба афзуд. Ҳиссаи саноат дар низоми ММД аз 12,6 дарсад ба 17,7 фоиз баробар шуд, ки ин нишондод барои роҳандозии соҳаҳои нави ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар бахшҳои саноати хӯрокворӣ, сохтмон, кӯҳӣ, коркарди металу минералҳо ва дигар ашёи хом шароити мусоид фароҳам овард.

Барономаи президентии Эмомалӣ Раҳмон то давраи соли 2027 идомаи мантиқии барномаи қаблӣ буда, дар он масъалаҳои баланд бардоштани самарнокии иқтисодиёт, тавсеаи занҷираи арзиш, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохила ва беҳтарсозии сатҳи даромаднокии аҳолӣ пешбинӣ шудаанд. Дар назар аст, ки даромади буҷет то соли 2027 нисбат ба соли 2020 ба андозаи 4,2 миллирд евро бештар аз ду маротиба афзоиш ёбад. Истиқлолияти энергетикӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, бо ба итмом расидани  сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон  метавонад ҳамчун кишвари пешсафи содиркунандаи қувваи барқ дар Осиёи Марказӣ бошад. Тоҷикистон ба нерӯҳои барқароршаванда ва рушди “иқтисоди сабз” диққати махсус медиҳад, ки ин барои рушди бемайлони сайёҳии экологӣ бо зерсохтори шабакавӣ ва хизматрасониҳои сифатнок эҷод хоҳанд кард.

Барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбурди масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва об муҳим арзёбӣ мегардад. Зери роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон кишвар бештар ба мавзӯи тағйирёбии иқлим, дар мисоли таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳои бо мусоидати ЮНЕСКО ва СММ дар Осиёи Марказӣ талош мекунад. Дар зарфи 15 соли охир Тоҷикистон муштаракан бо давлатҳои узви СММ ва ниҳодҳои зертобеи он чанд ташаббуси барҷастаи глобалӣ, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза-2003”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро роҳандозӣ ва татбиқ намуд. Табиист, ки Тоҷикистон ба ҳама кӯшишҳои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон низ таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Инчунин, Тоҷикистон мехоҳад ба гурӯҳи кишварҳои даромади иқтисодиашон миёна бипайвандад, ки вобаста ба ин дар самти ислоҳоти иқтисодӣ баъзе аз корҳо ба анҷом расонида шуданд. Бо гузаштан ба моделҳои нави рушди иқтисод бояд ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” татбиқ гарданд. Ҳадафи афзалиятноки ҳафтсолаи оянда таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Ба ин раванд бахши хусусӣ ба рушди иқтисод ҷалб мегардад ва тавассути бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, маҳсулоти ватанӣ бештар рақобатпазир ва содиршаванда хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва конструктивӣ эътироф гардидааст. Бо шарофати сиёсати хориҷии “дарҳои боз” муносибатҳои муфид ва мутақобилан судманди дуҷониба бо бисёр кишварҳои ҷаҳон барқарор шуданд. Ҳамгироии кишвар дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун омили муҳим ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва оғози раванди саноатикунонӣ арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон минбаъд низ барои идомаи тақвияти ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо дар соҳаҳои иқтисод ва сиёсати савдо қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. 

Март 18, 2021 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар Душанбе татбиқи барномаҳои башардӯстона баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зарурати тавсеаи робитаҳои фарҳангиро таъкид намуданд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Ташкили даврҳои омӯзишӣ барои дипломатҳои ҷавони тоҷик дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон доир шуд
Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд