«МАН БА ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН АҲАМИЯТИ ХОССА МЕДИҲАМ». Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд.
Дар барқияи табрикии худ Раиси ҶМЧ, аз ҷумла, изҳор медорад, ки соли гузашта дар пасманзари паҳншавии эпидемияи КОВИД-19 мардумони Чин ва Тоҷикистон талошҳои худро муттаҳид сохта, дар бартараф кардани мушкилоти вобаста ба ин зуҳурот якдигарро саривақтӣ дастгирӣ карданд, ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба мусоидат намуданд, бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои самаранок пешбурди ҳамкории байни Чин ва Тоҷикистонро таъмин карданд. Ин ҳама мисоли возеҳи густариши муносибатҳои миёни кишварҳои ҳамҷавор мебошад.
«Дар аввали моҳи равон мо суҳбати телефонии сермаҳсуле анҷом додем, ки такони нав ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бахшид. Ман ба густариши муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо бо саъйю талошҳои муштарак муносиботи байни кишварҳоямонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар бароварда, шукуфоии Чину Тоҷикистонро такон диҳем ва дар таъмини амнияту суботи минтақа нақши намоён гузорем», — тазаккур медиҳад Раиси ҶМЧ.
АКС аз ТАСС








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






