ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






