ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ. Бонки миллӣ барои бошандагони «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» хони идона орост
ДУШАНБЕ, 19.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз Бонки миллии Тоҷикистон барои 240 нафар бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» дастархони идона ороста, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Иқдоми мазкур дар доираи оинҳои наврӯзӣ ва пайравӣ ба ташаббусу ибтикороти башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ сурат гирифт.
Зимни аёдат роҳбарияти бонк бо шароити зисти бошандагони ин муассиса шинос шуда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфтанд.
Зикр карда шуд, ки ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим маҳсуб мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдоми инсонпарварона ва ҳидоятҳои Пешвои миллат минбаъд низ ба таври доимӣ, новобаста аз иду ҷашнҳо ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






