Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо сафари корӣ ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт ҳокими шаҳри Тошкандро муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар доираи сафари корӣ мулоқоти ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Душанбе роҳбарияти шаҳри Тошкандро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории гуногунҷанба ба сатҳи сифатан нави шарикии стратегӣ бароварда шуда, бемайлон густариш меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Душанберо бо пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва дигар умумиятҳо ба ҳам мепайвандад.
Ҳамчунин Ҳокими шаҳри Тошканд дар доираи сафари худ аз Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳолу ба харидорон пешниҳод намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард.
Зимни шиносоӣ ҳокими шаҳри Тошканд ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур баҳои баланд дода, иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанберо хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев ба дастовардҳои шаҳри Душанбе тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мароқ зоҳир намуда, ба рушди босуръати самту соҳаҳо дар пойтахт, аз ҷумла қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза, боғу гулгаштҳои зебову диданӣ баҳои баланд дод.
Бо ҳамин сафари кории ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ки ба таҳкиму густариши муносибатҳои неки ҳамкории минбаъда заминаи мустаҳкам гузошта, ба ҷашни ҳақиқии дӯстии мардумони ду кишвари бародар табдил ёфт, ба анҷом расид.













ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд






