РАСО 8 СОЛ ПЕШ ТОҶИКИСТОН УЗВИ КОМИЛҲУҚУҚИ СУС ГАРДИД. Конфронси 12-уми вазирони корҳои хориҷии ин созмон охири соли 2021 дар Женева баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои иштирокдори Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) барои охири соли 2021 баргузор намудани конфронси навбатии 12-уми вазирони корҳои хориҷии ин созмон дар Женева ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Қаблан, конфронси 12-ум бинобар пандемия, ки бар асари коронавируси нав ба вуҷуд омада буд, аз моҳи июни соли 2020 ба моҳи июни соли 2021 мавқуф гузошта шуд ва он бояд дар Нур-Султон баргузор мегардид.
Конфронси вазирони корои хориҷии кишварҳои иштирокдори СУС мақоми олии идораи ташкилот буда, одатан дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.
СУС созмони байналмилалӣ буда, бо мақсади либерализатсияи савдои байналмилалӣ ва танзими муносибатҳои тиҷоративу сиёсии давлатҳои узв таъсис ёфтааст. СУС вориси Созишномаи умумии тарифҳо ва савдо (СУТС) мебошад, ки аз соли 1947 амал мекард. Он 1 январи соли 1995 дар асоси системаи созишномаҳои тарафайн (ба истилоҳ даври Уругвай) байни кишварҳои узви СУТС ташкил карда шудааст.

ДАР АКС: собиқ директори генералии СУС (аз соли 2013 то 2020) Роберто де Азеведо (аз чап) ва Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода
Ногуфта намонад, ки 1 март Нгози Оконҷо-Ивеала директори генералии СУС гардид. Ин мансаб аз 31 августи соли 2020, вақте ки собиқ роҳбари ташкилот Роберт Азевед онро пеш аз ба охир расидани муҳлати ваколаташ тарк кард, холӣ монда буд.
Собиқ вазири молияи Нигерия Нгози Оконҷо-Ивеала дар ҷаласаи махсуси Шӯрои генералии Созмон 15 феврали соли 2021 директори генералии СУС таъйин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки расо 8 сол қабл, 2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СУС гардид. То он рӯз, 9 январ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколро, ки каме пештар, 10 декабри соли 2012 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори генералии СУС Паскал Лами ба имзо расида буд, ба тасвиб расонд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ин муносибат дар СУС зикр карданд: «Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Имрӯз — 10 декабри соли 2012, яъне санаи дохилшавии кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимест, ки бевосита ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад».
4 феврали соли 2013 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дафтари СММ дар Женева Салоҳиддин Насриддинов санади тасдиқи Протоколи пайвастани Тоҷикистон ба СУС-ро ба котиботи ин созмон дар Женева супурд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дуввумин ҷумҳурӣ дар Осиёи Марказӣ (пас аз Қирғизистон) ва панҷумин дар ИДМ шуд, ки ба СУС шомил шуд. Дар маҷмӯъ, ҳоло 164 кишвари ҷаҳон узви СУС мебошанд.
АКСИ боло: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори генералии СУС Паскал Лами пас аз имзои Протоколи дохилшавии Тоҷикистон ба ин созмон, 10 декабри соли 2012. Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






