Се корманди маъракаи эмгузаронии зидди полиомиелит дар ду ҳамлаи террористӣ дар Нангарҳори Афғонистон кушта шуданд

Март 31, 2021 08:57

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти манбаъҳои амниятӣ, се зан — кормандони маъракаи эмгузаронии зидди полиомиелит дар ду ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Манбаъҳо илова карданд, ки ҳодисаи аввал 30 март тахминан соати 11:30 субҳ дар минтақаи Маҷбурободи ноҳияи чорум рух дод. Афроди мусаллаҳи ношинос як зан — корманди маъракаи эмгузаронии зидди полиомиелитро тирборон карданд.

Ҳодисаи дуюм чанд дақиқа пас аз рӯйдоди аввал дар минтақаи Лаълқосим Оғои ҳамин ноҳияи рух дод.  Силоҳбадастони ду зани дигар — кормандони маъракаи эмгузаронии зидди полиоммелитро тирборон карданд, ки дар натиҷа онҳо низ ҳалок шуданд.

Ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд ва дар робита ба ин ду рӯйдод касе боздошт нашудааст.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Дар идомаи матлаб TOLOnews иттилоъ додааст, ки 29 март дар Афғонистон нахустин маъракаи саросарии эмгузаронии зидди полиомиелит дар соли ҷорӣ оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳи маърака, Олис Акнаго, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон гуфт, ки дар соли 2020 дар Афғонистон 56 ҳолати мусбати фалаҷи атфол сабт шудааст ва ин нишондиҳанда дар муқоиса бо 9 соли охир баландтарин мебошад.

Дар ҷараёни ин маърака интизор меравад, ки 9,6 миллион атфоли то 5-сола эм карда хоҳанд шуд, аммо бо сабаби нооромиҳо татбиқи барнома дар баъзе минтақаҳои ноамнии кишвар зери суол қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, сарпарасти Вазорати тандурустӣ аз ҷонибҳои даргир, бузургони қавмҳо ва олимони дин даъват кард, ки дар тамоми гӯшаҳои кишвар заминаи фаъолияти кормандони маъракаи эмгузарониро таъмин кунанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, соли гузашта дар кишвар 56 рӯйдоди навъи нахусти полиомиелит ва 310 ҳодисаи навъи тозаи он сабт шуда буд.

Имсол ҳам то акнун  як рӯйдоди навъи нахусти полиомиелит ва 23 ҳодисаи навъи тозаи он сабт шудааст.

Афғонистон пас аз Покистон дуввумин кишвари осебпазир аз бемории  фалаҷи атфол дар ҷаҳон аст.

Март 31, 2021 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд