«Шеър, яъне забон ва Наврӯз ду ҳувияте, ки моро то имрӯз зинда доштаанд»,- бардошт аз маҳфили «Ширу шакар»-и Низом Қосим
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфили шеъру суруди «Ширу шакар» баргузор гардид.
Маҳфили идона, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ба хотири тарғиби дастовардҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд, бо иштироки адибон, шоирон, нависандагон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстдорони каломи бадеъ, сарояндагону оҳангсозон ва устодону донишҷӯён доир гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни ифтитоҳи маҳфил иброз дошт, ки «шеър, яъне забон ва Наврӯз ду ҳувияте ҳастанд, ки моро то имрӯз зинда доштаанд. Баъди чандсолаҳо имрӯз мо бо забони тоҷикӣ ба якдигар «Наврӯз муборак!» мегӯем».
Мавсуф зикр дошт, ки адабиёт худ забон аст. Асари адабие, ки забонаш хароб аст, адабиёт намешавад, ба дилҳо намерасад ва мақбул намегардад.
Узфи Иттифоқи нависандагон, шоира Шаҳрия Аҳтамзод дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «пеш аз фарорасии Наврӯз баргузории маҳфили шеъру суруди «Ширу шакар» дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат тантанаи хуб ва пайғоми накӯест».
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «шеъри Низом Қосим шеърест, ки дар ҳар мисрааш чизеро дармеёбӣ ва имрӯз шеърҳои ватанпарваронаи устод дар хонадони тоҷик пар-пар мезананд. Зеро миёни шоирони ватандору ватансаро Низом Қосим дар ҷои аввал меистад. Ҳар шеъри ӯ як ҳадаф дорад- дӯст доштани Ватан, эҳтироми марзу бум, эҳтироми Наврӯзи Аҷам. Дӯст доштани Ватан аз домани модар ва китоб оғоз мешавад ва ин дӯст доштанро мо аз ашъори Низом Қосим дармеёбем».
Дар маҳфил зикр гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳо аз баракати истиқлол, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Низом Қосим аз ашъори тозаэҷоди худ баҳри дӯстдорони шеъри ноби тоҷикӣ қироат намуда, табъи иштирокдоронро болида гардонид.
Дар маҳфили имрӯза ҳунармандони халқии Тоҷикистон Саидқул Билол ва Ибодуллоҳи Машраб бо оҳангҳои ҷазоб ва садои марғуладори худ аз ашъори Низом Қосим сурудҳо манзур намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Низом Қосим 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) таваллуд шуда, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-журналист хатм намудааст.
Номбурда дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Садои мардум», шуъбаи танқиди маҷаллаи «Садои Шарқ», Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, нашриёти «Адиб» кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС ва аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф солҳои 2006-2010 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» фаъолият намудааст. Ӯ солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ (аз ҲХДТ), узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ буд. Дар анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (30 июни соли 2015) раиси Иттифоқ интихоб шуд.
Муаллифи понздаҳ маҷмӯаи шеър, китобҳои мақолаҳои адабӣ ва публитсистӣ, маҷмӯаи тарҷумаи драмаҳои назмии Софокл, Шекспир, Готси ва Брехт мебошад. Намунаҳои ашъор, драма ва мақолаҳояш ба забонҳои халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарҷума ва чоп шудаанд.
Беш аз сад таронаи ватандӯстона ва лирикияш дар иҷрои ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ пайваста дар радиову телевизион ва маъракаҳои бузурги фарҳангӣ садо медиҳанд. Муаллифи сенария ва лаҳзаҳои бадеии бисёр ҷашнвораҳои ҷумҳурист.
Мавсуф иштирокдори ҷашнвораҳои байналмилалии шеър дар Алмаато ва Ереван, барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии шеъри форсӣ дар Исфаҳон, Машҳад ва Теҳрон, барандаи мукофоти озмуни «Шеъри Душанбе-90» аст.
Дорандаи Ҷоизаи коргарон барои бинокорони НБО «Норак» (аз ҷониби роҳбарияти НБО ва ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Дружба Народов»-и Россия таъсис ёфтааст) ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (2006), Шоири халқии Тоҷикистон (2014), барандаи Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ «Звезды Содружества» (2018) ва дорандаи Ордени «Меҳнат шухрати»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (2018) мебошад.
Фирӯзи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»








Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия тақвият дода мешаванд
Сокинони шаҳри Кӯлоб соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд
Иди Меҳргон дар Хоруғ ботантана таҷлил карда шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






