ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 март, якшанбе, 67-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 7, 2021 08:00

7 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Германия ба Раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федеролии Германия, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Федеролии Германия  Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:  «Мо кишвари Германияро дар арсаи байналмилалӣ шарики дерина ва боэътимоди  худ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем».

***

4 сол пеш, 7 марти соли 2017 дар  «Кохи Борбад» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо занону бонувони фаъоли мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 дар шаҳри Душанбе Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Маъмурияти давлатии вилояти Днепропетровски Украина ба имзо расид.

7 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.

***

Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.

***

Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

РӮЙДОДҲО:

7 марти соли 2009 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Озарбойҷон «TREND» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

7 марти соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

 ***

5 сол пеш, 7 марти соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кафедраи «Омӯзиши Осиёи Марказӣ»-и факултети «Муносибатҳои байналмилалӣ» — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

***

7 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

***

55 сол муқаддам,  7 марти соли 1966 Президенти вақти Франсия Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Франсия аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи «Бо чашми Рӯдакӣ» дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти «Звезда»-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

***

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

 

Март 7, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш