То соли 2025 Ҳисор ба шаҳри муосиру замонавӣ, устувору инноватсионӣ ва сайёҳӣ табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» Ҳисор соли 2025 ба шаҳри муосиру замонавӣ, устувору инноватсионӣ, маркази муҳими рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, дурдонаи ҷолиби соҳаи сайёҳӣ ва «Роҳи абрешим», ки дар он ҳамаи шароити замонавии иҷтимоӣ, тиҷорат, савдову хизматрасониҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, боиси некӯавҳолии аҳолӣ мегардад, табдил хоҳад гардид. Чунин зикр шуд зимни муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025», ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор доир гардид.
«Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои шаҳри Ҳисор омода гардида, аз сӯи коршиноси Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд. Дар шаҳри Ҳисор тибқи Барнома то соли 2025 дар бахшҳои иқтисодиёт 305 лоиҳа, иҷтимоиёт 250 лоиҳа, инфрасохтор, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист 83 ва дар идоракунии раванди татбиқи Барномаи рушди шаҳри Ҳисор 16 лоиҳа, дар умум 654 лоиҳа ба маблағи умумии 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ амалӣ мегарданд.
«Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» вазъи кунунии иқтисодӣ, таҳлили мушкилот, стратегия, ҳадаф ва вазифаҳои барномавиро дар бар гирифта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва стратегии онро шарҳ медиҳад. Ҳадафи дарозмуҳлати Барнома баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ маҳсуб мешавад.
Дар барнома дар бораи вазъи кунунии иқтисодии шаҳр маълумоти фаровон гирд оварда, дар ин самт оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, сохтмон ва дастрасӣ ба манзил, рушди соҳаи сайёҳӣ, дар самти иҷтимоӣ дар бораи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат, кор бо ҷавонон фарҳанг ва варзиш, инчунин дар бахши инфрасохтор соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва оби нӯшокӣ, таъмин бо барқ, нигоҳдории роҳ ва нақлиёт, дар бахши бехатарии муҳити зист мушкилот ва вазифаҳои барномавӣ нишон дода шудаанд.










«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






