Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд

Апрель 9, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба сокинони шаҳр дар роҳи рушду пешрафти кишвар, татбиқи сиёсати бунёдкорона ва амалисозии нақшаҳои созанда ба ифтихори ҷашни бузурги — 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ барору комёбиҳои беназир орзу карданд.

Президенти мамлакат тараққиёти бомароми шаҳри Исфара ва ноил гардидан ба дастоварду пешравиҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиётро аз ҳисси баланди миллӣ ва рӯҳияи ватандории мардуми сарбаланди шаҳр маънидод намуданд.

Исфара бо имконоти бузурги истеҳсолии худ дар самти саноати коркард, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нафту газ, истихроҷи ангишт, металлургия, электротехника ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад. Дар гузаштаи начандон дур маҳсулоти баъзе корхонаҳои саноатии Исфара ба даҳҳо кишвари минтақа ва ҷаҳон содирот мешуд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, вилоят ва шаҳри Исфара вазифадор шуданд, ки барои барқарор кардани иқтидорҳои содиротии шаҳр ҳамаи имконияту захираҳоро сафарбар намоянд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара мунтазам афзуда, соли 2020 қариб ба 18000 расидааст, ки нисбат ба соли 2013 чоруним баробар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва пешрафту ободии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат як миллиарду 137 миллион сомонӣ равона кардааст. Дар баробари ин, дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида, дар доираи онҳо то имрӯз 330 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёди 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла 9 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 12 иншооти соҳаи тандурустӣ, 47 иншооти соҳаи маориф, 17 иншооти варзиш, 12 муассисаи истироҳатӣ ва фарҳангӣ, сохтмони роҳу пулҳо, биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншооти дигар пешбинӣ шудааст, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гардид. То 1 — уми марти соли ҷорӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 411 иншооти дорои аҳаммияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ  ба истифода дода шудааст.

Ҷиҳати рушди соҳа, махсусан муаррифии имконоти шаҳри Исфара, ки яке аз гӯшаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба шумор меравад, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр барои андешидани тадбирҳои муассир вазифадор шуданд.

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад, таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳо барои соҳаҳои гуногун аз байни ҷавонони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Воруху Чоркӯҳ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Аз соли 1997 сар карда, то соли хониши 2020 – 2021–ум 350 нафар хатмкардагони мактабҳои шаҳри Исфара бо квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда шудаанд, ки 220 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аз шумораи умумии зикршуда 80 нафарро ҷавонони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ташкил медиҳанд.

Баъди таҳлили вазъи иҷтимоии шаҳр вобаста ба рушди бахшҳои иқтисодиёт Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар соҳаи кишоварзии шаҳр имконият пурра истифода гардида, дар оянда барои рушди соҳаҳои боғпарварӣ, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, моҳипарварӣ махсусан, гулмоҳӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва истеҳсолоти саноатӣ, аз ҷумла коркарди маъдан тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он — хушксолӣ, камобӣ, пайомадҳои манфии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, инчунин авҷ гирифтани бекорӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, дар ҳар оила таъмин намудани захираи озуқаворӣ ҳидоят карданд.

Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба риояи қатъии талаботи Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, роҳ надодан ба зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ, раҳнамун сохтанд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳар сокини шаҳр ва деҳоти Исфара, ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо заҳмати созанда ва дастовардҳои назаррас самимона истиқбол мегиранд ва шаҳри Исфара ва деҳоти онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.

Мулоқот бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара 09.04.2021

Апрель 9, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад