Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Наврӯз»-ро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди истифода қарор доданд

Апрель 9, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳамчунин Маркази хизматрасонии «Наврӯз»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази хизматрасонии «Наврӯз» аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар масоҳати беш аз 360 метри мураббаъ, дар доираи дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зиёваддин Зокиров сохта шудааст.

Бунёди Маркази муосири хизматрасонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардида, дорои коргоҳҳои қаннодию дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошад. Дар мағозаи фурӯши маркази хизматрасонӣ асосан истеҳсолоти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, ки дар асоси талаботи байналмилалӣ бо сифати баланд истеҳсол мегарданд, пешниҳоди сокинону меҳмонон карда мешаванд.

Иншоот дар асоси талаботи мавҷуда бо тарҳи муосир сохта шуда, барои сокинони ин гӯшаи дурдасти мамлакат хизмат мерасонад.

Дар коргоҳи қаннодӣ 8 нафар ҷавондухтари деҳоти Ворух, ки қаблан хонашин буданд, дар шароити беҳтар ба кор ҷалб гардидаанд. Дар коргоҳ шириниҳои гуногун, аз ҷумла торт, кулчақанд ва дигар намуди маҳсулот дар асоси талаботи мавҷуда бо риояи меъёрҳои пазандагию кадбонугӣ бо сифати баланд омода карда мешаванд.

Коргоҳи истеҳсолӣ бо мақсади соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин, бо шуғл таъмин намудани онҳо ва бо ин роҳ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат таъсис дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавондухтарон суҳбати самимӣ анҷом дода, оид ба тадбирҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону бонувони минтақаҳои дурдасти кишвар андешаронӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар коргоҳ курсҳои омӯзишӣ низ роҳандозӣ мегарданд. Коргоҳи нави дӯзандагӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ таъмин мебошад. Коргоҳ, ки бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаро гирифтани духтарону бонувони хонашини деҳот бо шуғли доимӣ ташкил гардидааст, дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ сару либоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рӯзгор омода карда мешаванд.

Таъсис ва ба фаъолият пардохтани чунин коргоҳҳои дӯзандагӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти дурдасти мамлакат баробари мусоидат ба соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону бонувон барои қонеъ намудани талаботи аҳолии мамлакат бо истеҳсолоти худӣ замина фароҳам овардааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз гӯшаи намоиши либосҳои истеҳсолии Коргоҳи дӯзандагии Маркази хизматрасонии муосир ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари ҳунару либоси миллӣ ва ҷалби занону духтарон ба ҳунару касбомӯзӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки тайи солҳои охир дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкорони ватанӣ имкон дод, ки дар марказ ва деҳоти дурдасти мамлакат теъдоди чунин бинову иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ бештар гардад.

Тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома доранд ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби зисту зиндагонӣ барои сокинони ин гӯшаи зебоманзари мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дар деҳоти мазкур барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ бунёд, таъмир ва навсозии 48 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 45-тои он бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Деҳоти Ворух дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш бамаротиб беҳтар гардидааст.

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии “Наврӯз” дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара 09.04.2021

Апрель 9, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд