ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов тавассути ҳашар синфхонаҳои иловагӣ бунёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ санги асос гузоштанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 -и Ҷамоати деҳоти Деҳмой чор синфхонаи иловагӣ тавассути ҳашар бунёд карда мешаванд.
Сохтмони бинои мазкур тавассути ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони маҳал муташаккилона оғоз гардид.
Роҳбарияти муассисаи таълимӣ якҷо бо фаъолони маҳал тасмим гирифтаанд, ки барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас бинои иловагӣ ба истифода диҳанд.
Сокинони маҳал ният доранд, ки бинои нави таълимиро дар доираи омодагиҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






