Ғафур Муҳсинзода: Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили маводи нашъамандӣ устувор мебошад
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо Президенти Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии «Маркази илмӣ-амалии наркологияи шуъбаи тандурустии шаҳри Москва», профессор, доктори илмҳои тиб Брюн Евгений Алексеевич, сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Федератсияи Россия, раиси ҷаласаи ҳамоҳангсозии наркологҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Шевтсова Юлия Бронюсовна, мутахассиси пешбари илмии Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии «Маркази илмӣ-амалии наркологии шуъбаи тандурустии ш.Москва» Меплихов Михаил Геннадиевич, котиби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Негай Николай Анатолеевич, Директори генералии Муассисаи давлатии давлатии ҷумҳуриявӣ бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагии «Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии солимии рӯҳии Ҷумҳурии Қазоқистон, сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Вазорати тандурустии Қазоқистон Жанерке Омарова ва корманди Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ғафур Муҳсинзода роҷеъ ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кумаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср изҳори назар намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо дар мубориза ба муқобили маводи нашъамандӣ устувор мебошад.
Дар идомаи ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба истеъмоли гайритиббии маводи нашъадор дар кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД), мушкилоти пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд ва ҳамоҳангсозии ҳамкории мутақобиларо баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти табобат ва пешгирии бемориҳои наркологӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






