Ҷаласаи Шӯрои коршиносони иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар реҷаи фосилавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло тибқи нақшаи кории Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кори ҷаласаи Шӯрои экспертӣ оид ба иқтисод дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа қарорҳое, ки Шӯрои коршиносон аз 27 октябри соли 2020 қабул кардааст- муҳокимаи татбиқи банақшагирӣ ва пешгӯии дарозмуддат, сармоягузории асосӣ, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои технологияи баланд, сиёсати пулӣ ва фаъолияти савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин равишҳои асосии таҳиягарон ба таҳияи лоиҳаҳои Консепсияи рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи ИДМ, тавсияҳои Ассамблеяи байнипарлумонӣ ИДМ оид ба рушди ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, ки бевосита узви комиссияи Шӯрои экспертӣ-иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ мебошад, дар кори ҷаласаи Шӯрои мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






